16 НОЯБР. РӮЗЕ, КИ БАХТ БА РӮИ ТОҶИК ХАНДИД

Дар ҳаёти миллатҳо ва кишварҳо ҳодисаҳое ба вуқуъ мепайванданд, ки ё сарнавиштсозанд ва ё сарнавиштсӯз. Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар Қасри Арбоб 16 ноябри соли 1992 шуруъ гардида, то 2 декабр идома ёфт, бешак яке аз ҳодисаҳои нодир ва муҳими таърихӣ барои миллати тоҷик ба шумор рафта, бузургтарин дастовардаш ба арсаи сиёсат овардани шахсиятест, ки минбаъд бори масъулияти азими давлатсозӣ, миллатсозӣ ва сулҳофариро бо камоли масъулият бар дӯш гирифтанд.
Сулҳи тоҷикон, ки ба эътирофи ҳамагон меъмори аслӣ ва асосии он Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, имрӯз аз тарафи созмонҳои бонуфузи сулҳпарвари ҷаҳон омӯхта ва аз он ҳамчун як модели муваффақ барои барқарории сулҳ дар кишварҳои ҷангзада истифода мешавад.
Яке аз омилҳои муҳимтарине, ки барои пешниҳоди мардум ва ҷомеаи фарҳангии кишвар ба унвони баланди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат сабаб шудааст, дар баробари анҷоми дигар корҳои бузург, маҳз хидматҳои арзишманди Президенти кишвар дар роҳи ба даст овардани сулҳу Ваҳдати миллии сартосарӣ мебошад.
Барои он ки аҳамият ва вусъати корҳое, ки дар ин Иҷлосия аз тарафи вакилон анҷом дода шудаанд, маълум шаванд, мо бояд ба ин рақамҳо таваҷҷуҳ намоем: Дар Иҷлосия, дар маҷмуъ, 74 санади ҳуқуқӣ, аз ҷумла 15 қонун, 52 қарор, 6 фармон ва як изҳорот қабул гардид.
19 ноябри соли 1992 бо овоздиҳии пинҳонӣ вакили мардумӣ Раҳмонов Эмомалӣ Шарифович раиси Шурои Олӣ интихоб гардиданд.
Иқдомҳои муҳими давлатие, ки дар ин Иҷлосияи таърихӣ қабул шудаанд, аҳамияти онро ҳамчун рӯйдоди муҳими таърихӣ ва тақдирсоз дар таърихи навини давлатдории тоҷикон бештар менамоянд.
Имрӯз бо тамоми ифтихору итминон метавон гуфт, ки фарзанди шарифу меҳанпарвари тоҷик, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон рисолати таърихии худро дар назди миллат, Ватан ва таърих бо сарбаландӣ ба ҷо оварда, сулҳу суботи устувор ва заминаҳои мусоидро барои рушди миллат таъмин намуданд. Гузашти вақт бо талошу муборизаҳои бешумор,  бо амалҳои зиёди сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва ҳуқуқӣ собит сохт, ки интихоби Сарвари давлат дар ин Иҷлосия саривақтӣ ва дуруст мебошад. Ҳамаи ин комёбиҳо нақши Иҷлосияро дар таърихи давлатдории миллии тоҷикон ҳамчун наҷотбахши давлат ҷовидона мегардонанд.
Пешвои миллат борҳо баён доштанд: “Вақте ки ба кор шуруъ кардам дар Бонки миллии кишвар як танга ҳам набуд”.
Бале, бо вуҷуди ҳазору як мушкилоти сиёсиву амниятиву низомӣ ва иқтисодӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо хиради азалӣ ва кордонӣ тавонистанд, тамоми ин мушкилотро пушти сар кунанд ва мардумро ба ояндаи дурахшон умедвор созанд. Такягоҳи муътамади муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тули фаъолияташон мардуми одӣ ва заҳматкаш будааст.
Сӣ сол барои давлатсозӣ ва миллатсозӣ муддати бисёр кам аст, вале корҳое, ки дар ин муддат дар Тоҷикистон бо сарварии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба анҷом расонда шудаанд, бо садсолаҳо қобили қиёс аст. Пешвои муаззами миллат дар ҳалли масъалаҳои ҷаҳонӣ, махсусан, роҳҳои ҳалли дастрасии мардуми ҷаҳон бо оби ошомиданӣ, масъалаҳои экологӣ саҳми бузург доранд ва созмонҳои байналмилалӣ эътироф кардаанд.
Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз он назар таърихӣ ва сарнавиштсоз аст, ки шахсиятеро ба майдони сиёсат овард, ки сарнавишти як миллатро бо дастони худ навишт ва барои амалӣ кардани он тамоми кӯшишу заҳматро ба харҷ доданд.

 

Ғозибек САФАРЗОДА,
раиси суди ноҳияи Тоҷикобод