ПАЁМ ОҒОЗИ МАРҲИЛАИ НАВИ РУШД

Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ аз он ҷиҳат бисёр муҳим ва қобили таваҷҷуҳи бештар арзёбӣ мегардад, ки як навъ дарбаргирандаи фаъолияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тули сӣ соли Истиқлоли давлатӣ дар тамоми соҳаҳо ва вазифаҳо барои панҷ соли оянда, яъне 35-солагии Истиқлоли давлатии кишвари азизамон мебошад.

Гузашта аз ин, дар Паём як силсила масъалаҳое баррасӣ гардиданд, ки ҷанбаи равшани амалгароёна доштанд ва, бешубҳа, ба сурати амалӣ ва муассир дар беҳбуди зиндагии фардию иҷтимоии ҳамватанонамон, ободию рушди рӯзафзуни зербинои иқтисодии мамлакат, беҳбуди сатҳу сифати зиндагии аҳолии кишвар таъсири мусбат хоҳад дошт. Бори дигар ба таври возеҳ эълом гардид, ки муҳимтарин самти сиёсати хориҷии Тоҷикистон мусоидат ба фазои амн дар сатҳи байналмилалӣ, минтақавӣ ва дохилӣ мебошад.

Тоҷикистон дар масири ташаккул ва такмили сиёсати хориҷии худ ба ин натиҷа расидааст, ки беҳтарин ва мусоидтарин роҳ барои таъмини фазои амн сиёсати арзишмеҳвари “дарҳои боз” ва эҷоди эътимоду робитаҳои некхоҳона бо ҳама кишварҳои ҷаҳон мебошад. Чунин сиёсат имтиёзҳои хосу вижа ва истифода аз стандартҳои дугонаро дар ҳамкорӣ бо кишварҳо ва созмонҳои алоҳида истисно менамояд ва боиси шаффофияти қобили эътимоди ҳамкориҳои байналмилалӣ мегардад, ки натиҷаҳои мусбати он имрӯз дар мисоли пазириши паёпайи ташаббусҳои ҷаҳонии роҳбарияти олии кишварамон дар арсаи байналмилалӣ равшан ва ошкор гардидааст.

Пешвои миллат дар Паёми навбатии худ бузургтарин ва арзишмандтарин дастоварди тоҷиконро дар тули 30 соли Истиқлоли давлатӣ, расидан ба сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, аз парокандагӣ ва нобудӣ эмин доштани давлати тоҷикон унвон карданд:

“Умуман, бояд гуфт, ки расидан ба сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ ва бо ҳамин роҳ аз хатари нобудӣ наҷот додани давлати тоҷикон ва аз парокандагӣ эмин нигоҳ доштани миллати тоҷик дастоварди бузургтарини таърихии мо дар замони соҳибистиқлолӣ мебошад, ки ба он маҳз ба шарофати дастгириву пуштибонии самимонаи мардуми шарифи Тоҷикистон муваффақ гардидем”.

Воқеан, агар дуруст баҳогузорӣ шавад, расидан ба ин гавҳари бебаҳо — сулҳу суботи сартосарӣ дар шароите, ки кишвари мо қарор дошт, кори саҳлу сода ва осон набуд. Вале ба бахти миллати хушбахти тоҷик дар ин давраи ҳассоси таърихӣ шахсияте зимоми қудрати сиёсии кишварро ба даст гирифт, ки бо дурандешӣ, ҳисси баланди ватандӯстӣ ва рисолати азими давлатдорию миллатсозӣ тавонист киштии ба қавли шоир “саргашта дар дарёи хун”-ро ба соҳили мурод расонад.

Пешвои миллат дар мулоқот ва суханрониҳои худ борҳо таъкид кардаанд, ки ин ҳама дастоварду муваффақият бо пуштибонии мардуми шарифи Тоҷикистон муяссар гардидааст.

Гуфтан бамаврид аст, ки дар даврони истиқлол 17 маротиба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи авф” қабул шуда, он нисбат ба 170 000 нафар татбиқ гардидааст. Аз ҷумла, ин иқдоми башардӯстонаи Пешвои миллат 7 сентябри соли 2021 ба муносибати 30-солагии Истиқлоли давлатӣ бо истифода аз ҳуқуқи конститутсионӣ амалӣ шуд, ки дар он нисбат ба 11 500 нафар қонуни авф татбиқ гашта, онҳо аз ҷавобгарии ҷиноятӣ ва адои ҷазо озод гардиданд.

Хулоса, Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ маҷмуи тадбирҳои баҳампайвастаи амалие мебошанд, ки иҷрои онҳо беҳбуди сатҳи зиндагӣ, маънавиёт, амният ва рушди кишварро дар ҳамаи соҳаҳо таъмин менамояд.

 

Ғозибек САФАРЗОДА,
Раиси суди ноҳияи Тоҷикобод

 

бознашр аз сомонаи рӯзномаи «Ҷумҳурият»