РАҲБАРЕ АЗ БАЙНИ МАРДУМ

Вақте мехохем дар мавриди кору фаъолияти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон суҳбат кунем, беихтиёр хотирот ба замоне бармегардад, ки Ватани мо дар оташи ҷанги шаҳрвандӣ месӯхт. Аз байни ин обу оташ ва хуну хокистар чеҳрае падидор мешавад, ки ӯро Иҷлосияи 16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки онро барҳақ наҷотбахши миллат ва давлати тоҷикон унвон кардаанд, миллат ба арсаи сиёсати бузург ворид кард.
Балои азиме, ки солҳои навадуми асри гузашта бар сари миллати тоҷик омада буд, ниёз ба балогардоне дошт, ки киштии саргашта дар дарёи хуни тоҷиконро аз гирдбоди ҳаводис ва гирдоби хунин ба соҳили амну мурод бирасонад.
Дар ин замони ҳассос ва сарнавиштсози таърихӣ буд, ки ба қавли устод Бозор Собир “Раҳбаре аз ҷӯши мардум’’, ки “Курсиаш аз партаи мактаб” ва “Минбараш аз дарзаи деҳқон” буд, ки “Чун Сиёвуш аз дами оташ гузашт”, оташи афрӯхтаи ҷангро хомӯш кард, ҷангро аз хотираҳои мардум фаромӯш кард.
Пешвои миллат барҳақ, дар яке аз суханрониҳои худ гуфтаанд:
“Роҳи таърихие, ки халқи тоҷик, хусусан, дар солҳои аввали истиқлол сипарӣ намуд, як масири пур аз даҳшату фоҷиа, маҳрумияту машаққат ва монеаву мушкилот буд.”
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат фазилат ва ибтикороти зиёде доранд, ки дар ин ҷо маҷоли тавзеҳ ва баррасии онҳо нест. Ба ҳар ҳол мехоҳам чанде аз онҳоро ин ҷо биёрам:
Тасмимгириҳо ва мавқеъгириҳои бисёр ҳам бузурги байналмилалӣ ва миллии сиёсӣ ва фарҳангӣ. Дар масъалаи мавқеъгирии сиёсӣ пеш аз ҳама метавон масъалаи Афғонистонро мисол зад, ки бешак, ҳеҷ як сарони кишварҳои дигар, ҳатто худи афғонҳо ҳам қазияи Афғонистонро ба андозаи Пешвои миллати мо аз минбарҳои баланди ҷаҳонӣ мавриди баҳсу баррасӣ қарор намедиҳанд.
Қазия, ё масъалаи Фаластин ва Исроил. Албатта, шоҳид ҳастем, ки дар нишасти изтирории масъалаи Фаластину Исроил мавқеи ҷасурона, қотеона, дурандешона ва ҳакимонаи Пешвои миллати мо боиси аҳсану офарин ва тамҷиди ҷомеаи адолатхоҳи ҷаҳонӣ нисбат ба Роҳбари давлати Тоҷикистон шуд. Дар масъалаи фарҳангӣ қабули қонуни нави забон аз бузургтарин ибтикорот ё иқдомоти миллии Пешвои миллат буд, ки албатта, мухолифатҳои дохилӣ ва хориҷӣ низ дошт. Вале Пешвои миллати мо бо ҳисси баланди миллӣ ба ин қонун имзо гузошт. Яке аз фазилатҳои бисёр писандида ва инсонии Пешвои миллат, камоли хоксорӣ ва тавозуи ӯст, ки дар камтар роҳбарони сатҳи ҷаҳонӣ дида мешавад. Шахсияте, ки дар баробари бузургтарин ва қудратмандтарин давлатҳо ва шахсиятҳои дунё мавқеи устувор ва ҷойгоҳи баланду бовиқор дорад, дар баробари мардуми одӣ бисёр ботавозуъ, хоксор ва самимиву заминӣ аст.
Дар давоми каме бештар аз се даҳсола кишвари мо ба даетовардҳое ноил шуд, ки пешрафти минбаъда ба онҳо вобастагии мустақим дорад.
Пешвои муаззами миллат барои аз вартаи нобудӣ наҷот додани давлати ба тозагӣ ба истиқлол расидаи тоҷикон, аз парешониву оворагӣ раҳоӣ бахшидани халқи тоҷик, таъмини сулҳу оромӣ ва ваҳдати миллии сартосарӣ, аз худ талошҳои хастагинопазир ва беназир нишон додааст.
Апбатта, Президенти муҳтарами Тоҷикистон бо дарки ин воқеият, ки ҳар як халқу кишвар танҳо дар сурати суботу оромӣ ва ваҳдату якпорчагӣ ба камоли матлуб даст меёбад, тамоми кӯшишу талоши худро барои расидан ба ин ҳадафҳои олӣ ба харҷ додааст. Дар ин давом Конститутсия ва рамзҳои давлатӣ — Парчам, Нишон ва Суруди миллӣ, ки мояи ифтихори мо, тоҷикон мебошанд, қабул карда шуданд.
Имрӯз маҳз бо сиёсати дуруст ва санҷидашудаи Пешвои муаззами миллат Тоҷикистон бо 180 давлати ҷаҳон муносибати дипломатӣ дорад ва узви комилҳуқуқи 57 созмони байналмилаливу минтақавӣ мебошад. Аксари кишварҳои ҷаҳон ташаббусҳои Тоҷикистонро дар масъалаи обу иқлим эътироф намуда, дар ин ҷода бо кишвари мо ҳамкорӣ мекунанд.
Нависанда ва мутафаккири бузурги қирғиз Чингиз Айтматов дар мавриди хидматҳои гаронбаҳои Пешвои муаззами миллат гуфтааст:
“Дар симои Президент Эмомалӣ Раҳмон ман тимсоли ҳақиқии мардуми тамаддунофари тоҷикро мебинам ва бо итминон таъкид менамоям, ки ин бузургвор бо зинда кардани номҳои алломаҳои миллат номи худро низ ҷовидонӣ мегардонад. Зеро танҳо сулҳу осоиштагӣ, тинҷию фаровонӣ оварданаш ба рӯзгори одамон ӯро ба мақому манзалати олӣ баровардааст. Аз тоҷики бузургвор дигар чизро умедвор шудан ҳам нашояд.”
Аз дастовардҳои гаронарзиш ва дурусту хуби кишварамон низоми дунявии давлатамон аст, ки имкон фароҳам овард миллатҳои гуногун ва пайравони дину мазҳабҳои мухталиф дар кишварамон фаъолияти динию эътиқодии худро дар доираи муқаррароти Конститутсияи мамлакат озодона анҷом диҳанд.
Бешак, тамоми пешравиҳои Тоҷикистон маҳз аз баракати озодиву истиқлол, сулҳу оромӣ ваҳдати миллӣ ба даст омадааст, ки ин арзишҳои муқаддас бо талошҳои шабонарӯзии Пешвои муаззами миллат муяссар шудааст.
Пешвои муаззами миллат дар аввалин суханрониашон пас аз Иҷлосияи таърихии шаҳри Хуҷанд, ки дар он даврони душвор ва ҳассоси таърих ба вазифаи Раиси Шурои Олӣ интихоб шуда буд, бо хитоб ба мардум гуфтанд:
«Бародарон ва хоҳарони азиз! Ҳамватанони муҳтарам! Ман ба ҳар яки шумо дар давраи барои Ватан хеле душвор муроҷиат карда, ба ақkу заковати шумо, ки ворисону фарзандони баруманди тоҷик ҳастед, бовар мекунам. Ман қасам ёд мекунам, ки тамоми донишу таҷрибаамро барои дар ҳар хона ва ҳар оила барқарор шудани сулҳ равона карда, барои гулгулшукуфоии Ватани азизам садоқатмандона меҳнат мекунам. Барои ноил шудан ба ин нияти муқаддаc, агар лозим шавад, ҷон нисор мекунам, чунки ман ба ояндаи неки Ватанам ва ҳаёти хушбахтонаи халқи меҳнаткашидаам бовар дорам».
Назари таҳқиқӣ ба фаъолияти пурбори Президенти маҳбуби кишвар, барои мо ин воқеиятро бармало мекунад, ки Пешвои муазаззами миллат тамоми талошу заҳматашонро барои ободии Тоҷикистони навин ва ба қатори давлатҳои пешрафтаи ҷаҳон ворид кардани кишвари азизамон равона кардааст.
Истиқлоли давлатӣ, ки меъмори он муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳастанд, аз бузургтарин ва муқаддастарин дастоварди халқи Тоҷикистон, гаронарзиштарин падидаи зиндагии мо, мояи саодату хушбахтӣ, комгориву комёбӣ ва маншаи тамоми рушду шукуфоии мардуми заҳматкаши тоҷик мебошад.
Ҳеҷ миллати дунё бе ваҳдату ҳамбастагӣ ва якпорчагиву муттаҳидӣ наметавонад рушд кунад ва ба хостаҳои худ барои сохтани давлати озоду мустақил даст ёбад. Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо дарки ин воқеият мардумро ба ваҳдату иттиҳод ва якдигарфаҳмӣ ҳидоят мекунанд ва бо барномаҳои роҳбурдии амалӣ дар ин самт, худ меҳвари ин иттиҳоду ҳамдилӣ мебошанд.
Сазовори унвони пурифтихори «Пешвои асри XXI», ҷоизаи яке аз бонуфузтарин созмонҳои ҷаҳонӣ — Ҷомеаи Аврупо гардидани Эмомалӣ Раҳмон далели бебаҳси як давлати воқеан демократӣ бунёд намудани Пешвои миллат саҳми воқеан бузург дар рушди демократияи воқеӣ ва исботи ҳодии роҳи раҳоии давлат ва шахсияти беназири Тоҷикистони соҳибистиқлол будан аст.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шахсияти барҷастаи таърихии миллат мебошанд, ки дар бунёди низоми давлатдории Тоҷикистони соҳибистиқлол, барқарорсозии сохти конститутсионӣ, ба даст овардани сулҳу ваҳдати миллӣ саҳми беназир гузошта, дар Эъмори давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоӣ нақши арзанда гузошта, миллатро аз парокандагӣ, давлатро аз нестшавӣ ва халқро аз ҷанги шаҳрвандӣ раҳо намуда, дар рушди сиёсӣ, иқтисодиву иҷтимоӣ ва таърихиву фарҳангии давлати мустақили Тоҷикистон хизматҳои бузурги тақдирсоз намудаанд.


Ғозибек Сафарзода,

раиси суди ноҳияи Тоҷикобод

Бознашр аз рӯзномаи “Минбари халқ»
аз 4 сентябри соли 2024, ”№36 (1484),