ПАЁМИ БУНЁДКОРӢ ВА РУШДИ БОСУБОТИ КИШВАР

Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки санаи 28 декабр ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардид, оина аз муваффақиятҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон давоми як соли охир аст, ки ба вакилони Маҷлиси Олӣ ва мардуми Тоҷикистон пешниҳод гардид

Дар паёми имсола низ пешниҳоди чанд барномаву стратегия иброз гардид. Эълон гардидани солҳои 2025-2023 “Солҳои рушди иқтисодӣ рақамӣ ва инноватсия”, пешниҳоди таҳияи “Стартегияи ҷалби сармоя” ва “Барномаи тайёр намудани кадрҳои баландихтисос то давраи соли 2030” аз ҷумлаи он барномав ва стратегияҳое ба шумор меравад, ки дар паёми имсола иброз гардид.

Соли 2025 барои Тоҷикистон аз ҷиҳати амалияи сиёсӣ соли таърихӣ ва муҳим дар паём арзёбӣ гардида, дар заминаҳои рушди иқтисоди миллӣ ва муваффақиятҳои сиёсӣ дар соли 2024 ишора гардид, ки ин тамоюл дар соли 2025 низ нигоҳ дошта шавад. Паёми имсолаи Пешвои миллат бисёр паёми калидӣ буда, имсол диққати махсус ба рақамикунонии иқтисодиёт, корхонаҳою муассисаҳо дода шудааст. Зеро Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи гузариш ба рақамикунонии иқтисод қарор дошта, эълон гардидани солҳои 2025-2030 “Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия”, як қадами бузург аст, ки метавонад рушди Тоҷикистонро дар солҳои наздик ба маротиб зиёд кунад ва иқтисоди миллии кишвари моро ба натиҷаҳои назаррас ноил гардад.

Дар ин замина Сарвари давлат афзуданд, ки воситаи ягонаи ҳимояи миллат ва давлат дар шароити пуртазоди ҷаҳонишавӣ рушди соҳаи маориф, боло бурдани иқтидори иқтисодии соҳаҳои гуногун ва афзалиятноки иқтисодиёти миллӣ, фароҳам овардани шароити мусоид барои зиндагии шоиста дар мамлакат мебошад.

Ин аст, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олӣ пешниҳод намуданд, ки аз 1 сентябри соли 2025 бо мақсади боз ҳам беҳтар намудани сатҳи некуаҳволии мамлакат ва тақвияти ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ маоши вазифавии кормандони муассисаҳои томактабӣ, таҳсилоти миёнаи умумии соҳаи маориф 30 фоиз, маоши вазифавии кормандони дигар муассисаҳои соҳаи маориф, соҳаҳои илм, фарҳанг, тандурустӣ, муассисаҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ, мақомоти ҳокимият ва идоракунии давлатӣ ва дигар муассисаҳои буҷетӣ, инчунин стипендияҳо 20 фоиз зиёд карда шавад. Инчунин музди меҳнати амалкунандаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, хизматчиёни ҳарбӣ ва дигар кормандони ин мақомот 20 фоиз зиёд карда мешавад. Ҳамзамон ҳадди ақалли музди меҳнат барои тамоми соҳаҳои иқтисодию иҷтимоӣ ба андозаи 1000 сомонӣ дар як моҳ муқаррар карда мешавад.

Дар асоси супориши Пешвои миллат аз 1 сентябри соли 2025 нафақаҳои суғуртавӣ, меҳнатӣ ва иҷтимоӣ, инчунин иловапулӣ ба онҳо тибқи муқаррароти моддаи 51 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ» андозаи нафақаи заминавӣ 10 фоиз зиёд, яъне индексатсия карда мешавад.

Ин иқдоми башардӯстонаи Пешвои миллат бори дигар нишони ғамхории Ҳукумати мамлакат, хосса Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти рушди соҳаҳои афзалиятноки мамлакат, хусусан маориф, тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоӣ, илм ва фарҳанг, ҳифзи ҳуқуқ ва тартибот мебошад.

Конститутсия талаб мекунад, ки Президент на фақат ба муҳокимаи вазъи долихию хориҷии давлат пардозад, балки чунин тадбирҳоеро, ки вай зарур ва ба мақсад мувофиқ мешуморад, тавсия кунад, балки ба Маҷлиси Олӣ, сокинони кишвар ва намоядагони дипломатии кишварҳои хориҷӣ дар бораи сиёсати дохилӣ, хориҷӣ, вазъи иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва амниятии кишвар маълумот диҳад. Барои комилан ошкор намудани ҳамаи масъалаҳоеро, ки дар вазъияти воқеии мамлакат, хоҳ дохилию хориҷӣ, ки аслан ба некуаҳволии умумӣ дахл доранд, паём ва ё гузориши сиёсӣ ба мардуми кишвар ироа намояд. Президент зимни иҷрои вазифаҳои конститутсионии худ на танҳо барои изҳори эътиқоди шахсӣ дар паём сухан меронад, балки ҳамчун Роҳбари ҳукумат манфиатҳои давлатро бо чашми холисона тафтиш намуда, барои ояндаи давлат тадбирҳои зарурӣ ва саривақтиро пешниҳод менамояд.

Паём лаҳзаи тантанаи истиқлоли як давлат ва як миллат дар як фосилаи муайяни таърихӣ аст. Паём маъмулан маҷмуаи масъалаҳои сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ, роҳбурди сиёсати роҳбари давлат дар масъалаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ фарҳангӣ, амниятӣ, байналмилалиро дар бар мегирад. Қобили қайд аст, ки то ба имрӯз 24 Паёми солонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа гардида, ҳамчун баррасии масоили муҳими сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва дурнамои ҳадафҳои стратегӣ ва мақсадҳои дар пешистода эътироф гардидааст.

Дар Паём ҳамчунин барномаи аз модели рушди кишоварзию саноатӣ ба модели саноатию кишварзӣ тағйир намудани модели рушди кишвар эълон шуд. Се ҳадафи дигари стратегии Тоҷикисон низ дар паёмҳои солҳои пешин муайян ва эълон гашта буданд ва ҳамасола дар Паём сатҳи пешрафт дар масири дастрасӣ ба онҳо шарҳ дода мешаванд. Барномаҳои калоне чун “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030”, “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” ва ғайра низ маҳз дар Паёмҳои солона эълон ё шарҳ дода шудаанд.

 

Раиси суди ноҳияи Тоҷикобод
Сафарзода Ғ.С.