ҶАРИМА БАРОИ ЗИЁДАРАВӢ

Аз қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» бештар аз 14 сол сипарӣ гардид. Ба назари мо дар ҷомеа нафаре нест, ки то ҳол ба моҳияти ин қонуни миллӣ сарфаҳм нарафта бошад. Мақсади ниҳоии ин қонун ҳам аз ҳимояи иҷтимоии шаҳрвандон иборат буда, риояи он ба беҳтар гардидани сатҳи некуаҳволии мардум мусоидат менамояд.

Аммо, афсӯс, ки ҳоло ҳам дар ҷамъият шахсоне вомехӯранд, ки дидаву дониста даст ба қонуншиканӣ зада, дар ниҳоят муҷиби ҷазо мегарданд. Таассуфовар он аст, ки баъзан шахсони қонунвайронкунанда сатҳи зиндагии шоиста надоранд, хонадони онҳо даромади кироӣ ҳам надорад. Вале, назди қонун ҳама баробаранд, камбизоат ё доро интиёз надорад. Хоҳу нохоҳ ба гуноҳи карда ҷавоб хоҳӣ дод.

Истиқоматкунандаи деҳаи Нӯшори боло Савсан Шарифова талаботи қонунро бобати танзими расму оин ба инобат нагирифт. Маъракаи муборакбодии духтараш Субҳинисои Қувватбекро бо иштироки хешовандон ва сокинони деҳа баргузор карда, бо ин амалаш талаботи банди 2, моддаи 10- и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» — ро вайрон кард. Ҳолати мазкур бо санад ва суратлавҳаҳо аз ҷониби кормандони ҷамоати Нӯшор ва ШВКД – и ноҳия аз рӯзи 29 марти соли 2021  пурра тасдиқи худро ёфтааст.

Ҳол он ки тибқи талаботи моддаи 10, банди 2- и Қонуни дар боло номбурда ташкили маъракаҳои фотиҳаи тӯй, маслиҳатошӣ, идонабарӣ, сандуқбарон, сарупобинон, чойгаштак, раисталабон, қудоталабон, ноншиканон, хонакашон, модарталабон, падарталабон, рӯйбинон, чодарканон, муборакбодӣ, шаҳтозон (роҳбандон), тақдими сарупо барои меҳмонони тарафайн ва хешу табори домоду арӯс ва падару модари онҳо манъ аст.

Судя ҳуҷҷатҳои парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмуриро дар нисбати Савсан Шарифова баррасӣ намуда, бо назардошти он ки ӯ за наст, бори аввал ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ содир карда, аз кирдори худ самимона пушаймон мебошад, дар тарбияаш чор нафар фарзанди ноболиғи хӯрдсол дорад, тибқи маълумотномаи бахши ҳифзи иҷтимоии аҳолии ноҳия ҳамчун оилаи камбизоат эътироф гардидааст, нисбаташ ҷазоро аз ҳадди муқаррарнамудаи Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон пасттар таъин намуд. Суд қарор кард, ки Шарифова Савсан Аббдуҷаборовна бо моддаи 481 қисми 1 КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста шуда, нисбати ӯ бо татбиқи моддаи 48 қисми 5 КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷазо дар намуди ҷарима ба андозаи 35 (сиву панҷ) нишондиҳанда барои ҳисобҳо баробар ба 2100 (ду ҳазору сад) сомонӣ ба фоидаи давлат таъин карда шавад.

Ҳамин тавр бо як амали ноҷо ва зиёдаравию ҳангоматалабии худ Савсан Шарифова ба буҷаи бе ин ҳам ноустувори оилаи худ зарар овард, ки бояд ба дигарон сабақ шавад.

Сафарзода Ғозибек Солиҳ,
Раиси суди ноҳияи Тоҷикобод