БАХШИДА БА РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Бо ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ соли 1994 дар Тоҷикистон бо роҳи райъпурсии умумихалқӣ аввалин Конститутисияи замони соҳибистиқлолӣ қабул карда шуд.
Бо қабули Конститутсияи замони соҳибистиқлолӣ шакли давлатӣ шакли сохти давлатӣ шакли идоракунии давлатӣ ва режими сиёсӣ муайян карда шуд.
Мувофиқи моддаи 1-и Конститутсия Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона эълон карда шуд.
Мувофиқи ин модда шакли идоракунии давлатии Тоҷикистон Президентӣ муайян карда шудааст.
Дар моддаи 64-и Конститутсия омадааст, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сарвари давлат ва ҳокимияти иҷроия (Ҳукумат) аст.
Президент ҳомии Конститутсия ва қонунҳо, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, кафили истиқлолияти миллӣ, ягонагӣ ва тамомияти арзӣ, пойдориву бардавомии давлат, мураттабии фаъолияти мақомоти давлатӣ ва ҳамкории онҳо, риояи шартномаҳои байналдмилалии Тоҷикистон мебошад.
Президент баёнгари ягонагии давлат буда, сиёсати дохилӣ ва хориҷии мамлакатро муайян намуда, ҷумҳуриро дар муносибатҳои байналмилалӣ намояндагӣ мекунад. Президент ҳуқуқи аз номи тамоми халқи Тоҷикистон сухан гуфтан дорад. Ҳамчун сарвари ҳокимияти иҷроия Президент- Раиси Ҳукумати Тоҷикистон, роҳбар ва масъули дуруст ба роҳ мондани масъалаҳои идораи давлат дар соҳаи сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва иҷрои қонунҳо мебошад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон доранда ва барандаи тавозуни ҳокимияти давлатӣ мебошад. Вай ба тарзҳои муқаррарнамудаи қонунгузорӣ шахси масъули бонуфуз дар механизми тавозуни ҳокимияти давлатӣ фаъолона иштирок менамояд. Зеро амалисозии самтҳои фаъолияти Президент, ки аз салоҳиятҳои ӯ бармеоянд, бо низоми ҳокимияти иҷроия, қонунгузор ва ҳокимияти судӣ алоқаи зич дорад.
Чунин ҳолат танҳо ба ҷумҳуриҳои шакли идораашон президентӣ хос мебошад.
Дар моддаи 69-и Конститутсияи мамлакат салоҳияти президент муайян карда шудааст, ки Президентро ба сифати сарвари давлат ва сарвари ҳокимияти иҷроия (Ҳукумат) муқаррар мекунад.
Моддаи мазкур бо дарназардошти ин хусусияти давлати Тоҷикистон салоҳияти Президентро муқаррар кардааст, ки он аз 29 банд иборат мебошад.
Таҷрибаи давлатдории мо собит сохт, ки чунин шакли идоракунӣ афзалияти зиёд дошта, дар пешравии давлат, инкишофи ҳамаҷонибаи соҳаҳои гуногуни ҷомеа ва гуногунандешии сиёсӣ мусоид мебошад.
Мусалам аст, ки мавзуъи имрӯзаи мо ба рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шудааст ва меҳвари онро иниситиути Президент, яъне мансаби олии давлатӣ ифода менамояд, вале ҳар халқу миллате фарзандони сарсупурдаи худро дорад, ки баҳри пойдории давлату давлатдорӣ, Ваҳдати миллӣ, шиносоии давлату миллати худ дар арсаи байналмиллалӣ ва ҳимояи манфиатҳои миллӣ кушишу хизматҳои бемисл ва ҷонисорӣ кардаанд.
Заҳмату ҷонисории чунин шахсиятҳо боиси таҳсину ёдоварӣ буда, ба наслҳои имрӯза ва оянда ташфиқ намудани корномаҳои онҳо аз доираи ҳақиқату адолат ва инсоф мебошад.
Таърихи навини давлатдории тоҷикон ҳамзамон бо баргузор шудани Иҷлосияи 16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 1992 шурӯъ мешавад, ки ҳамин рӯз дар шаҳри Бостонии Хуҷанд баргузор гардида буд ва имӯзро мо ҳамчун рӯзи тиллоӣ ва тақдирсози Миллати Тоҷик ва давлату давлатдории Тоҷикон гуфта метавонем. Ҳамагон огоҳем, ки маҳз пас аз анҷоми ин Иҷлосияи таърихӣ таҳти роҳбарии Сардори тозаинтихоби давлат, Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ҳукумати Тоҷикистон эҳёи ниҳодҳои ҳокимияти давлатӣ ва барқаросозии мақомоти конститутсионии давлатиро оғоз кард.
Дар меҳвари нахустин суханронии Асосгузори Сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои Миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сулҳу оштӣ, васлу тавҳид, ҷустуҷуи роҳҳои ободии Ватан ва сарҷамъии миллат қарор дошт.
Таҷриба собит намуд, ки Эмомалӣ Раҳмон ба қавли худ содиқ монда, бо заҳмату талошҳо ва ҷонисории бесобиқа Тоҷикистони азизро аз вартаи ҷанг берун кашида, ба як кишвари шукуфону рӯ ба тарақӣ табдил дод.
Аз ин лиҳоз Иҷлосияи 16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро Иҷлосияи тақдирсоз ва наҷотбахши давлату Милати Тоҷикон меноманд.
Дар зарфи 30-соли Истиқлолияти давлатӣ Тоҷикистон ба пешрафту дастовардҳое ноил шуд, ки қобили мулоҳиза аст.
Имрӯз на танҳо мардуми Тоҷикистон, балки тамоми тоҷикону форсизабонони олам ва шахсиятҳои маъруфи дунё ба хирмандӣ, ҷасорату мардонагии Эмомалӣ Раҳмон ифтихор доранд.
Гуфтаҳои боло аз он шаҳодат медиҳад, ки муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар масъалаи сулҳофарӣ мақоми пешвои байналмилалиро дорост.
Аз ин рӯ ба хотири арҷ гузоштан ба хидматҳои бузургу бесобиқаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба миллату давлти тоҷик дар марҳилаи ҳассосу сарнавиштсози таърихӣ ва сипос ба арзишҳои давлатӣ, милливу шаҳрвандӣ, ки тибқи муқаррароти Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон кафили ин арзишҳо маҳсуб меёбад, 16-уми ноябр ҳар сол Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикисчтон дар саросари кишвар бо шукуҳу шаҳомат ҷашн гирифта мешавад.
Бори дигар ҳамаи Шумоёнро ба муносибати ин рӯзи тақдирсози миллӣ табрику таҳният гуфта бароятон саломатӣ, хушбахтӣ дар хонадон барору комёбӣ дар фаъолияти корӣ ва барои Ватани маҳбубамон Тоҷикистони гулгуншукуфон Пойдории Истиқлолият, Ваҳдатӣ миллӣ ва пешрафту шукуфоӣ таманно дарам.

Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муборак бошад!

Қувватзода Ф.Ҷ.,
судяи суди ноҳияи Тоҷикобод