ФАРЗАНДОНРО ДАР РӮҲИЯИ ВАТАНДОРӢ ТАРБИЯ БОЯД КАРД!

Дар тамоми давру замон таълиму тарбияи фарзанд яке аз масъалаҳои меҳварӣ буд ва он боқӣ хоҳад монд. Оид ба ин масъала назарҳо мухталифанд. Бархе бар ин боваранд, ки дар ин самт танҳо оила мавқеи калидӣ дорад. Аммо бештари волидон нақши омӯзгору мактабро муҳим меҳисобанд. Коршиносони соҳа чунин иброз медоранд, ки мактаб, оила ва ҷомеа дар тарбияи насли наврас масъулияти баробар доранд. Бале ин сегона бояд баробар дар ин ҷода ҳиссагузор бошанд. Дар хазинаи бебаҳои адабиёти беш аз ҳазорсолаамон садҳо китоб ва ҳазорҳо панду андарзро бо мисолҳои возеҳу равшан дастрас кардан мумкин аст, ки гуфтаҳои болоро тасдиқ менамояд.
Муҳаммад Ғазолӣ чунин нигоштааст: “Фарзанд амонат аст дар дасти падару модар ва дили фарзанд нафис асту нақшпазир, ҳар нақше, ки ба ӯ гузорӣ, чун мушк ба худ бигирад ва чун замин пок аст, ба саодати дину дунё расад, падару модар дар он савоб шарик бошанд. Агар тухми бадӣ афканӣ ва ӯро ба ҳолаш гузорӣ ва ба ҳарчӣ хоҳад, нишинад, ҳаргиз аз вай умеди некӣ макун”.Мусаллам аст, ки дар баробари рушду ташаккул ва инкишофи адабиёти бадеӣ, илмӣ, таърихӣ ва фалсафӣ асарҳои сирф ахлоқӣ, ба монанди “Насиҳатнома”-и
Унсурулмаолии Кайковус, “Бӯстон” ва “Гулистон”-и Шайх Саъдии Шерозӣ, “Баҳористон”-и Абдураҳмони Ҷомӣ саросар ба насиҳати фарзанд бахшида шуда, ҳамчунин, як қисмати муҳимми таъмини тарбияи ахлоқиро фаро гирифтааст.
Ҳарчанд оила дар пешгаҳи тарбия қарор дорад ва гомҳои нахустин аз ин остон оғоз ёфта, ҳарфҳои аввалинро кӯдак аз забони модар меомӯзад, бо итминони комил метавон гуфт, ки дар саргаҳи тарбия падару модар, атрофиён ва минбаъд, мактабу маориф нақши бориз доранд. Дар радифи садҳо фармудаҳои нобиғагони оламшумули тамаддунофари миллати тоҷик Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон низ аз рӯзҳои нахустини ба сари қудрат омаданашон дар меҳвари сиёсати худ таълиму тарбияи фарзандро дар мадди аввал гузоштаанд. Ҳамин нуқтаҳои ҳикматомези Роҳбари давлат худ гувоҳи гуфтаҳои болост. “Фарзанд меваи умри одамизод мебошад, то замоне ки ҷон дар бадани инсон аст, набояд ӯ аз тарбияи фарзанд канораҷӯйӣ намояд”.Дар замони зудтағйирёбандаи муосир мо бояд нагузорем, ки фарзандон аз таълиму тарбия дур монда, ба гурӯҳу
ҳаракатҳои бадхоҳ бипайванданд. Дар ин самт нақши волидон, омӯзгор ва ходимони дин басо муҳим мебошад. Хосатан, таъсири ҳизбу ҳаракатҳои бадхоҳ маҳз бо роҳи хурофоту таассуб ба зеҳну шуури насли ҷавон таъсиргузор аст.
Ҳанӯз 24-уми майи соли 2007 дар суханронии хеш Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ҷаласаи умумиҷумҳуриявӣ доир ба танзими расму ойинҳои миллӣ ва анъанаву маросимҳои динӣ чунин баён намуда буданд: “… мо имрӯз барои тамоман аз байн бурдан ё барҳам додани расму ойинҳои халқӣ ва маросими динӣ ҷамъ наомадаем, балки мақсади асосиамон ин аст, ки дар баробари муайян кардани раҳоии мардуми кишвар аз банди худнамоӣ ва таассубу хурофотпарастӣ оғози нек бахшем”. Ҳарчанд дар ин самт аз ҷониби Ҳукумати мамлакат корҳои назаррас ба сомон расида, беҳтарин асарҳои ниёгонамон нашр шуда бошанд ҳам, вазъи баамаломада собит месозад, ки то ҳол аксарият маълумоти кофӣ надоранд ва аз воқеият дур мебошанд. Фақеҳони барҷастаи ҳанафӣ ҳанӯз дар замони Сомониён фатвои тарҷумаи китоби муқаддаси Қуръонро додаанд. “Тарҷумаи Тафсири Табарӣ” маҳсули ниёкони донишмандамон мебошад, ки ҳазор сол инҷониб дар хизмати ташаккули афкори динӣ ва андешаи миллии мардумамон қарор дорад.
Мусаллам аст, ки кӯдак нахустин ҳарфро аз модар меомӯзад, аммо муҳит ба ӯ таъсири бештар расонида метавонад. Аз ин рӯ, назорат ба ҳар қадами фарзанд басо муҳим аст. Пайвастани фарзанд бо доираҳои носолим метавонад дар хулқу атвори ӯ таъсири мусбӣ расонад. Ҷомеа низ дар таълиму тарбияи фарзандон ҷавобгар аст ва масъулияти бештар дорад. Беназорат гузоштан ва аз таълиму тарбия дур мондани фарзандон натанҳо ба оила, мактаб ва ҷомеа, балки ба ҳастии давлату миллат хатар эҷод менамояд.
Дар пештоқи донишгоҳи Стелленбоши Африқои Ҷанубӣ навиштаҷоти зерин насб шудааст: “Нест кардани ҳар миллате ба истифодаи бомбаҳои ҳастаӣ, ё истифодаи мушакҳои дурпарвоз ниёз надорад. Он танҳо мунҷар ба коҳонидани сатҳи таълим аст ва тавассути донишҷӯён додани иҷозати фиребу тақаллуб дар имтиҳонот таҳқиқ мепазирад. Он гоҳ натиҷа ба ин минвол хоҳад буд: Беморон аз дасти чунин пизишкон мемиранд. Биноҳо аз дасти чунин муҳандисон фурӯ мерезанд. Пул дар дасти чунин иқтисоддонон ва ҳисобдорон гум мешавад. Одамгарӣ аз дасти чунин “донишварон”-и дин мемирад. Адолат аз дасти чунин доварону қозиён зоеъ мегардад. Сукути низоми омӯзиш — сукути миллат аст”. Аз ин рӯ, оила, мактаб ва ҷомеа байни ҳам бояд муносибати ногусастанӣ дошта бошанд.
Фарзанд неъмати бебаҳост ва беҳуда нагуфтаанд: “Ҳеҷ неъмат беҳ аз фарзанд нест”. Сарчашмаи асосии хушбахтии падару модар, пайвастагии бевоситаи зиндагии волидон ва пойдевори асосии оилаи солим маҳз фарзанд мебошад. Ташаккул ва пешрафти ҷомеа аз масъулияти баланд доштани волидайн сарчашма гирифта, устувор боқӣ хоҳад монд. Зеро ояндаи миллату давлат дар дасти насли ҷавон аст. Ба ҳамин хотир, дар таълим ва тарбияи онҳо нақши фаъол доштани оила, мактаб ва ҷомеа шарт ва зарур арзёбӣ мегардад.
Падару модарони имрӯза бояд рисолати муқаддаси худ — тарбияи поктинативу зебоипарастӣ, башардӯстиву инсонпарварӣ ва заҳматкашиву ватандӯстиро дар замири фарзандон бикоранд, насли навро дар рӯҳияи ифтихори бузурги меҳанпарастӣ ба камол расонанд, то онҳо тавонанд парчами ору номусро пайваста боло бардоранд.

Ғозибек САФАРЗОДА,
раиси Суди ноҳияи Тоҷикобод