ХОҲӢ, КИ ОЗОД БОШӢ ҒУЛОМИ ҚОНУН БОШ!

Аз толори суд

Дар таҷрибаи судӣ баъзан ба парвандаҳое сару кор мегирем, ки баъди таҳлили ҳамаҷониба аён мегардад ҷавобгар бинобар надонистани моҳияти қонун, яьне паст будани маърифати ҳуқуқӣ ҷиноят содир намудааст. Аммо дар моддаи 42-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон меъёри зерин эълон гардидааст: «Надонистани қонун ҷавобгариро истисно намекунад».

Ин меъёр маънои онро дорад, ки шаҳрвандон бояд барои баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ, донистану дарк намудани қонунҳо, риояи бекамукости он ҳамеша масъулият дар сар дошта бошанд. Вагарна дар ҳолати содир намудани кирдорҳои ҷиноятӣ ба ҷавобгарӣ кашида шуда, назди қонун ҷавоб хоҳанд дод.

Ин ҷо аз содир шудани ду қонуншикание сухан меравад, ки аслан аз надонистани қонун сар зада, ҷавобгарон кирдори содирнамудаашонро саҳлу сода пиндоштанд ва оқибат парвандаи онҳо дар суд мавриди баррасӣ қарор гирифт. Аз ифшои пурраи номи гунаҳкорон худдорӣ намуда, аз моҳияти ҷинояти содиршуда шаҳрвандонро огоҳ месозем, то барои дигарон сабақ гардад.

Шаҳрванд П. Б. (сокини Ҷамоати деҳоти Лангари Шоҳ) меъёри қонунро оиди ҳатмӣ будани таълими умумии асосӣ (нуҳсола) дарк накарда, фарзанди ноболиғашро муддати зиёда аз се моҳ ба корҳои рӯзмарраи хона ҷалб сохта, монеаи гирифтани таҳсилоти ӯ гардида, аз мактаб рафтан боздоштааст. Падар бо ин кирдор худ хилофи талаботи моддаи 41-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, моддаи 42-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» моддаи 9-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» рафтор намуда, бо ҳаракатҳои худ бо содир кардани ҷинояти дар моддаи 164-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишуда бо ҳар тарзе монеъ шудани шахси воқеӣ ба гирифтани таҳсилоти ҳатмии умумии асосӣ (нуҳсола) мусоидат намудааст. Ҳол он, ки қонунгузор волидайнро вазифадор менамояд, барои сиҳатии ҷисмонӣ, рӯҳии кӯдак пайваста ғамхорӣ кунанд, ӯро ба мактаб омода намуда, бо ашёҳои зарурии таълимӣ таъмин намоянд, яъне ба ҳеҷ ваҷҳ дар таҳсили онҳо дар муассисаҳои таълимӣ монеа эҷод нанамоянд.

Ҳуқуқвайронкунии дигари содиршуда ба риояи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» марбут аст. Сокини Ҷамоати деҳоти Қалъаи Лаби Об Ф.К., ки айни ҳол бекор буда, ягон даромади иловагӣ надорад, ба зиёдаравӣ роҳ дода, маъракаи таваллуди кӯдаки навзодро бо иштироки меҳмонон баргузор намудааст. Ҳолати мазкур аз ҷониби кормандони ШВКД дар ноҳияи Тоҷикобод ошкор гардида, нисбати ҳуқуқвайронкунанда санад ва протокол тартиб додаанд.

Дар моддаи 9 банди 3-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» омадааст, ки маъракаҳои номгузорӣ, гаҳворабандон, чиллагурезон, мӯйсаргирони тифл ва дигар маъракаҳои ба таваллуди кӯдак вобаста дар доираи оила, бе забҳи чорво ва хизматрасонии санъаткорон баргузор карда мешаванд. Ҳуқуқвайронкунанда бо моддаи 481 қисми 1-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста шуда, нисбаташ ҷаримаи маъмурӣ таъин карда шуд.

Бо овардани ҳар ду ҳолати кирдорҳои содиршуда ба шаҳрвандон гӯшрас намуданием, ки талаботҳои қонунро риоя намуда, ба қонуншиканӣ роҳ надиҳанд, дар акси ҳол пушаймонӣ суд надорад.

 

Сафарзода Ғозибек Солиҳ,
Раиси суди ноҳияи Тоҷикобод