ИСТИҚЛОЛ КАЛИДИ САОДАТ

9 сентябри соли 1991 дар тақвими зиндагӣ ва ҳаёти сиёсии кишвари мо санаи бағоят муҳими таърихӣ ва оғози марҳилаи нави давлатдории миллӣ ба шумор меравад. Дар ин санаи муборак мо ба Истиқлоли давлатӣ мушарраф шудем ва Тоҷикистони азиз ҳамчун давлати соҳибистиқлол дар харитаи сиёсии ҷаҳон арзӣ ҳастӣ намуда, дар муддати кӯтоҳи таърихӣ нуфузу эътибори шоистаи байналмилалиро соҳиб гардид.
Агар Истиқлоли давлатӣ ба мо озодию мустақи-лияти комили сиёсӣ бахшид, вале маҳз баргузории Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ буд, ки дар он пояҳои давлатдории миллӣ тарҳрезӣ гардиданд. Кунун имсол мардуми шарафманди тоҷик дар баробари таҷлили Ҷашни 31-солагии Истиқлоли давлатӣ 30-солагии ин Иҷлосияи таърихиро дар фазои сулҳу ваҳдати пойдор ҷашн мегиранд. Таърих фаромӯш нахоҳад кард, ки маҳз дар ин Иҷлосияи тақдирсоз аввалин қарору иқдомот барои қатъи ҷангу хунрезӣ ва таъмини сулҳу ҳамдигарфаҳмӣ, ки дар ибтидои соҳибистиқлолӣ ба миён омада буд, гирифта шуд. Муҳимтар аз ҳама, Иҷлосияи таърихӣ шахсиятеро ба арсаи сиёсии Тоҷикистон овард, ки бори масъулияти азими таъмини сулҳу субот, давлатсозӣ, ва дар маҷмуъ, наҷоти давлату миллати тоҷикро дар як марҳалаи бисёр душвор ва ҳассоси таърихӣ бар дӯши худ гирифтанд. Масъулият ва рисолате, ки он замон ҳеч каси дигар ҳозир набуд онро ба уҳда гирад. Ғолибан чеҳраҳои шинохтаи давр ба худ бовар надоштанд, ки вазъро муътадил месозанд ва ё намехостанд, ки ҷони худро дар хатар бигзоранд. Вале Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҷасорат ва масъулияти баланди ватандорӣ зимоми роҳбариро ба даст гирифта, мардуми парешону дар ҳоли ноумедӣ қарордоштаро ба самти рӯшноӣ раҳнамун шуданд.
Пешвои муаззами миллат андешаҳои худро оид ба сохти давлатдории Тоҷикистон аввалин бор дар Иҷлосияи таърихии шонздаҳуми Шурои Олӣ баён карда, эълон намуданд, ки ҷонибдори давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоӣ мебошанд. Дар ҳамин ҳол, қатъи ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ, баргардондани тақрибан як миллион гуреза, ташкили Артиши миллӣ, устуворгардонӣ ва таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ аз вазифаҳои аввалиндараҷае буд, ки дар назди Ҳукумати навтаъсис таҳти сарварии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон меистод. Хушбахтона, тавре мо шоҳидем, Ҳукумат дар иҷрои ин рисолати муҳим муваффақ шуд ва дар сиёсати дохиливу хориҷӣ ба дастовардҳои беназир мушарраф гардид.
Сиёсатмадорон, фарҳангиён, шоирону нависандагони сатҳи байналмилалӣ, олимон, арбобони давлатӣ, сарварони бузургтарин кишварҳои дунё заҳмату талошҳои муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар роҳи расидан ба сулҳу суботи комил, қатъи ҷанги шаҳрвандӣ ва эъмори давлати ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва демократӣ эътироф кардаанд. Вале Пешвои муаззами миллат ҳаргиз худро ҳомии ягонаи сулҳу субот муаррифӣ накарда, бо камоли хоксорӣ тамоми ин дастовардҳоро марбут ба халқи бузургвори хеш медонанд ва ҳамеша ба неруи азим ва хиради азалии халқ такя мекунанд.
Имрӯз истиқлоли мо ҷавонеро мемонад, ки дар муддати кӯтоҳ фарозу нишемангоҳи таърихро паймуда, талху ширини зиндагиро таҷриба карда, ба сӯйи ояндаи дурахшон устуворона қадам мегузорад. Тавре Президенти маҳбуби кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии худ ба муносибати Ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид карданд: “Истиқлоли мо калиди соҳибдавлатӣ ва ватандории миллати сарбаланду соҳибфарҳанги тоҷик аст, ки тақдирашро ба дасти худ гирифта, бо роҳу равиши хоси хеш ба ҷомеаи ҷаҳонӣ пайвастааст ва ҳамеша мекӯшад, ки набзи давлату давлатдории худро бо набзи сайёра ҳамоҳангу ҳамсадо намояд”.
Ғ. САФАРЗОДА,
Раиси суди ноҳияи Тоҷикобод