КОНСТИТУТСИЯ

Пас аз ба даст овардани Истиқлолияти давлтии Ватани маҳбубамон мардуми тамаддунофари Тоҷикистон бо роҳи райъпурсии умумихалқӣ соли 1994 аввалин Конститутисияи давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистонро қабул карда, роҳи ояндаи давлату давлатдории худро муайян намуд.
Бо қабули Конститутсия шакли давлатӣ шакли сохти давлатӣ шакли идоракунии давлатӣ ва режими сиёсӣ муайян карда шуд.
Лоиҳаи Конститутсияи давлати тозаистиқлоли тоҷикон аз ҷониби Комиссияи конститутсионӣ, ки дар Иҷлосияи ХУ1 Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфта буд, омода ва ба муҳокимаи умумихалқӣ гузошта шуд. Лоиҳаи ин санади тақдирсоз дар шароите омода мегардид, ки дар кишвар ҳанӯз оташи ҷанги дохилӣ хомӯш нагардида буд. Бинобар ин Сарвари давлат ба ҳайати комиссияи конститутсионӣ дастур дода буданд, ки лоиҳае ба муҳокимаи умумихалқӣ пешниҳод карда шавад, ки дар он барои идомаи низоъҳои милӣ ягон асос ва заминае боқӣ намонад.
Мардуми Тоҷикистон лоиҳаи пешниҳодшударо омӯхта, фикру мулоҳизаҳои худро баҳри мукаммал шудани он пешниҳод намуданд. Ба Комиссияи мазкур зиёда аз ҳаштуним ҳазор пешниҳодот ворид гардида буд, ки ҳамаи он омӯхта ба инобат гирифта шуд.Зимни таҳияи лоиҳаи он беҳтарин конститутсияҳои давлатҳои ҷаҳон мавриди омӯзиш ва таҷриба қарор гирифта шуданд. Аз ин лиҳоз, мо ҳақ дорем бигӯем, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз беҳтарин конститутсияҳои ҷаҳон эътироф шудааст, ки дар эҷоди он тамоми қишрҳои халқи мамлакат иштирок намудаанд ва он мақсаду мароми халқи моро пурра ифода мекунад.
Мувофиқи моддаи 1 Конститусияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона мебошад.
Шакли идораи Ҷумҳурии Тоҷикистон президентӣ мебошад.
Мувофиқи ин модда шакли давлатии Тоҷикистон ҷумҳуриявӣ, шакли сохтори давлатӣ ягона (унитарӣ), шакли идоракунӣ Президентӣ ва режими сиёсӣ демократияи либерярӣ муайян карда шудааст.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 20 апрели соли 2012, чунин қайд карда буданд: «Маҳз бо шарофати Иҷлосияи тақдирсоз мо тавонистем аркони давлатдорӣ ва шохаҳои фалаҷшудаи ҳокимиятро барқарор карда, пояҳои Истиқлолияти давлатии Тоҷикистонро қавӣ намоем, таҳияи қонуни асосии кишвар барои Ваҳдати Миллӣ, суботи сиёсиву иҷтимоӣ ва фазои озоди бунёдкориву созандагӣ дар Ватани азизамон заминаи қонунии устувор фароҳам овард».
Маврид ба ёдоварист, ки ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон таҳмилӣ буд.
Пушида нест, ки гурӯҳҳои манфиатҷуй ва душманони давлату миллати мо натанҳо ба вазъи сиёсӣ ва субботу оромии Ватанамон таъсир мерасониданд, инчунин кӯшиш бар он мекарданд,ки ба низоми қонунгузорӣ ва ҳӯқуқэҷодкунии давлат таъсири манфии худро расонад.Зеро бе Конститутсияи мукаммал, қонунгузории ҷавобгуй ба ормонҳои миллӣ ва меъёрҳои байналмилалӣ бунёд намудани давлати демокративу мутаммадин ғайри имкон мебошад.
Хусусияти адолатпарварона ва инсондӯстонаи қонуни асосӣ дар моддаи 5, боби якуми Конститутсия инъикос ёфтааст, ки тибқи он инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯ арзиши олӣ арзёбӣ шуданд: «Ҳаёт, қадр номӯс ва дигар ҳуқуқҳои фитрии инсон дахлнопазиранд. Ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро давлат эътироф, риоя ва ҳифз менамояд».
Эҳтирому эътирофи ҳуқуқҳои инсон дар муносибат бо дигар давлату халқҳои ҷаҳон низ дар Конуститутсия сабт гардидаст. Мутобиқи моддаи 11-и ҳамин боб «Тоҷикистон сиёсати сулҳҷӯёнаро дар амал татбиқ намуда, соҳибихтиёрӣ ва истиқлолияти дигар давлатҳои ҷаҳонро эҳтиром менамояд».
Мувофиқи моддаи 9 ҳокимияти давлатӣ дар асоси таҷзияи он ба ҳокимияти қонунгузор, иҷроия ва судӣ амалӣ мегардад.
Дар амалӣ намудани ҳадафҳои олӣ ва рушди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоӣ низоми дақиқан муайяншудаи мустақил ва беғарази судӣ ҳамчун як шохаи мустақили ҳокимияти давлатӣ нақши муҳим дорад. Мутобиқи моддаи 15-и Конститутсия ҳама дар назди қонун ва суд баробаранд. «Давлат ба ҳар кас, қатъи назар аз миллат, нажод, ҷинс забон, эътиқоди динӣ, мавқеи сиёсӣ, вазъи иҷтимоӣ, таҳсил ва молу мулк, ҳуқуқу озодиҳоро кафолат медиҳад. Мардон ва занон баробарҳуқ дониста шудаанд».
Дар Конститутсия Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади татбиқи ҳадафҳои иҷтимоӣ табақаҳои ниёзманди аҳолӣ мавриди ҳимоя ва дастгирии давлат қарор дода шудаанд. Тибқи моддаи 34-и боби дуюм модару кӯдак таҳти ҳимоя ва ғамхории махсуси давлат қарор дода шудаанд:- «Давлат барои ҳифзи кӯдакони ятим, маъюб ва таълиму тарбияи онҳо ғамхорӣ менамояд». Дар моддаи 39-и ин боб омадааст, ки «ҳар шахс дар пиронсолӣ, ҳангоми беморӣ, маъюбӣ, гум кардани қобилияти корӣ, маҳрум шудан аз сарпараст ва мавридҳои дигаре, қонун муайян кардааст, кафолати таъмини иҷтимоӣ дорад».
Табиист, ки баробари такмили ҳар як ҷомеа зарурати даровардани тағиру иловаҳо ба Конститутсия ба миён меояд. Тавре медонем, Конститусияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 6 ноябри соли 1994 аз тариқи райпурсии умумихалқӣ қабул шудааст, ба он 26 сентябри соли 1999, 22 июни соли 2003 ва 22 маи соли 2016 тавасути раъйпурсии умумихалқӣ тағиру иловаҳо ворид карда шудаанд. Тағиротҳои мазкур боиси боз ҳам мукаммал ва пойдор гардидани ин санади сарнавиштсоз гардид.
Мардуми сарбаланди Тоҷикистон аз Конститутсияи одилонаи худ эҳтирому итоат ба қонунро омӯхт ва дарк намуд, ки бунёди ҷомеаи демократию ҳуқуқбунёде, ки мавриди таваҷҷӯҳи аҳли башар қарор гирифта тавонад, маҳз бо эҳтирому риояи қонун ва арзишҳои башарӣ муаяясар мегардад. Хушбахтона, имрӯз миллати тоҷик ва давлати тоҷикон мавриди таваҷҷӯҳи оламиён ва мактаби сулҳофари Пешвои тоҷикон мавриди омӯзиши сиёсатмадорони Шарқу Ғарб қарор дорад.
Бори дигар Шумоёнро ба рӯзи Конститутсияи Давлати азизамон табрик намуда, бароятон саломатӣ, хонаободӣ ва барору комёбӣ таманно дорам.

Қувватзода Ф.Ҷ.,
судяи суди ноҳияи Тоҷикобод