КОНСТИТУТСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН САНАДИ САРНАВИШТСОЗИ МИЛЛАТ

Пас аз ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ, 6-уми ноябри соли 1994 дар таърихи навини давлатдории тоҷикон рӯйдоди муҳими сиёсию ҳуқуқӣ ва иҷтимоию фарҳангие ба вуқуъ пайваст, ки он дар саҳифаи рӯзгори мардуми тоҷик бо хати заррин ҳамчун рӯзи қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон сабт гардид.

Тариқи райъпурсии умумихалқӣ бори аввал Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул карда шуда, ҳамчун ҳуҷҷати сарнавиштсоз ва муайянкунандаи тақдири имрӯзу фардои миллати куҳанбунёд дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ гардид.

Дар он рӯзҳои барои халқи Тоҷикистон ногувор, бо вуҷуди вазъи душвори сиёсиву иқтисодӣ ва нобасомониҳо мушкилоти солҳои аввали истиқлолият, бо камоли масъулияти шаҳрвандӣ ва такя ба арзишу муқаддасоти таърихиву фарҳангии худ нахустин Конститутсияи давлати соҳибистиқлоли худро қабул кард ва бо чунин иқдоми таърихӣ орзую ормонҳои чандинарсаи ниёгони хешро амалӣ намуд. Бо қабули аввалин Конститутсия Ҷумҳурии Тоҷикистон муносибатҳои муҳими давлатию ҷамъиятӣ танзими ҳуқуқии худро ёфта, барои таҳия ва қабули санадҳои меъёрии ҳуқуқии давлати соҳибихтиёр заминаи воқеӣ гузошта шуд.

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 боб ва 100 модда иборат буда, дар он асосҳои давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунёвӣ ва иҷтимоӣ, кафолати ҳифзи ҳуқуқҳои инсон ва шаҳрванд, таҷзияи ҳокимияти давлатӣ, фаъолияти озоди иқтисодӣ, гуногунандешии сиёсӣ ва дигар паҳлӯҳои ҳаёти ҷомеаро дар бар гирифта, ба танзим медарорад.

Чӣ тавре, ки дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр шудааст, инсон, ҳуқуқу озодиҳои ӯ арзиши олӣ буда, онҳо муайянкунандаи мақсад, мазмун ва татбиқи қонунҳо, фаолияти мақомоти қонунгузор ва иҷроя гардида ба воситаи ҳоқимияти судӣ таъмин мешаванд.

Дар сатҳи Конститутсия тамоми ҳуқуқу озодиҳои асосӣ танзими ҳамаҷониба пайдо кардаанд. Давлат ҳуқуқ ба озодӣ ва дахлнопазирии шахсӣ, озодии сухан, нашр, ҳуқуқи истифодаи воситаҳои ахбор, ҳуқуқи муттаҳид шудан дар иттиҳодияҳои ҷаъмиятӣ, ҳизбҳои сиёсӣ ва иттиҳодияҳои касаба, ҳуқуқ ба таҳсил, ҳуқуқ ба манзил, ҳуқуқ ба ҳифзи иҷтимоӣ ва ғайраро кафолат медиҳад. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи коршиносони байналмилалӣ ба сифати яке аз Конститутсияи пешрафта дар самти ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд шинохта шуда, аз тарафи ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф гаштааст.

Дар давраи соҳибистиқлолии хеш Тоҷикистон як қатор қонунҳо ва санадҳоро дар асоси Конститутсия қабул ва интишор намуд.

Қобили зикр аст, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчунин дар пайдоиши ташакули ҷомеаи демократӣ асос гузоштааст. Конститутсия бунёди ҷомеаи демократӣ ва ҳуқуқбунёди демократӣ асос гузоштааст. Конститутсия бунёди ҷомеаи демократӣ ва ҳуқуқбунёди дунявӣ эълон доштааст, аҳамияти ниҳоят бузург дорад. Зеро расидан ба ин ҳадафҳо танҳо тавассути эътироф, эҳтиром, риоя ва ҳифзи ҳуқуқи озодиҳои инсон ва шаҳрванд имконпазир аст.

Ба шарофати соҳибистиқлолии кишвар ва сулҳу субот дар мамлакати мо 26-умин солгарди Қонститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро ботантана чашн мегирем, ки он 6-уми ноябри соли 1994 бо роҳи райъпурсиии умумихалқӣ ҳамчун Конситутсияи давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон қабул гардид.

 

Котиби маҷлиси судии
суди шаҳри Роғун
Садриддинзода Т.С.