МУЛОҚОТИ РАИСИ СУД ВА СУДЯИ СУДИ НОҲИЯИ ТОҶИКОБОД БО АҲОЛӢ

Рӯзи 30 апрели соли 2024 дар толори Кохи фарҳанги ноҳия мулоқоти раиси суди ноҳияи Тоҷикобод Сафарзода Ғ.С. ва судяи суди ноҳия Садриддинзода Т. бо омӯзгорону кормандони шуъбаи маориф баргузор гардид.

Раиси суд ва судяи суди ноҳияи Тоҷикобод дар мулоқот вобаста ба нуктаҳои асосии Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ аз 28 декабри соли 2023 «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ», аз ҷумла эълон кардани соли 2024 ҳамчун «Соли маърифати ҳуқуқӣ»  бо маърӯзаҳо баромад намуданд.