ПОЯИ ДАВЛАТ НАБОШАД БЕ МАОРИФ УСТУВОР…

Дар моддаи 1 – и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст: “Тоҷикистон давлати иҷтимоӣ буда, барои ҳар як инсон шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро фароҳам меорад”. Моддаи 41-и Конститутсия ба ҳуқуқи таҳсил бахшида шуда, он ҷо равшану возеҳ омадааст: “Ҳар шахс ҳуқуқи таҳсил дорад. Таълими умумии асосӣ (манзур 9 — сола) ҳатмист. Давлат таълими умумии асосии ройгонро дар муассисаҳои таълимии давлатӣ кафолат медиҳад. Шахс дар доираи муқаррарнамудаи қонун, дар муассисаҳои таълимии давлатӣ метавонад ба таври ройгон таълими миёнаи умумӣ, ибтидоии касбӣ, миёнаи касбӣ ва олии касбӣ гирад”.

Бо таваҷҷуҳ ва ғамхориҳои доимии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Ҳукумати ҷумҳурӣ дар мамлакат соҳаи маориф соҳаи афзалиятнок шуморида шуда, ҳамасола барои рушди маориф тадбирҳои амалӣ андешида мешаванд. Мисоли ин гуна дастгириҳоро дар ноҳияи дурдаст ва кӯҳистони Тоҷикобод низ баръало мушоҳида мекунем. Танҳо солҳои 2015-2020 дар ноҳия бо маблағгузории буҷетҳои маҳаллӣ ва ҷумҳуриявӣ, шарикони рушд ва соҳибкорону аҳолӣ 12 бинои мактабу синфхонаҳои иловагӣ сохта ба истифода дода шудааст.  Зиёдтар аз 60 фоизи буҷети ноҳия ба соҳаи маориф бахшида шудааст, ки далел ба гуфтаҳои болост.

Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни  суханрониашон дар Рӯзи дониш (17 августи соли 2020, шаҳри Душанбе) баробари зикри дастовардҳо таъкид доштанд, ки:  “Баъзан волидайн ва аҳли ҷамоатчигӣ ба мактабҳо робитаи қавӣ надоранд, аз рафти таълим ва донишандӯзии фарзандон огоҳ нестанд. Муаллимон бояд савияи дониш ва малакаи касбиашонро бо замона мутобиқ созанд. Ҳол он ки яке аз қонунҳои миллии кишвар “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” назди волидайн, аҳли ҷамоатчигӣ масъулияти амиқ гузоштааст. Натиҷаи ҳамин бепарвоиҳост, ки дар қисм мактабҳо сатҳи интизом, ахлоқу одоб байни насли наврас, масъулиятшиносии омӯзгорон дар иҷрои рисолати муқаддаси касбӣ коҳиш ёфта, ҷиноятсодиркуниҳои ноболиғон ба қайд гирифта мешавад”.

Зимнан дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи маориф” уҳдадорӣ ва масъулияти кормандони соҳа муайян гардидааст. Аз ҷумла, омӯзгорон вазифадоранд, ки баробари иҷрои дигар уҳдадориҳои касбӣ дар вақти корӣ ва раванди дарс бе сабаб аз муассисаи таълимӣ берун нараванд, ба намуди зоҳириии худ диққат дода, дар муассисаи таълимӣ либоси тавсиявиро пӯшанд, таълимгирандагонро дар рӯҳияи зебоипарастӣ тарбия кунанд, яъне одобу ахлоқи омӯзгориро риоя намоянд. Шуъбаи маориф ҳамчун мақоми идоракунии маҳаллӣ дар соҳаи маориф барои аз муассисаҳои таълимии таҳсилоти умумии асосӣ дур нашудани хонандагон масъул буда, ҷалби онҳоро ба зинаҳои минбаъдаи таҳсилот таъмин менамояд. Таълими умумии асосӣ (9-сола) ҳатмӣ буда, бе сабаб иштирок накардан дар дарсҳо ба ҷавобгарӣ мебарад.

Аз таҷрибаи кори судӣ бармеояд, ки то ҳанӯз на ҳамаи масъулини соҳаи маориф, муассисаҳои таълимӣ ва волидайн муҳимияти иҷрои бечунучарои қонунгузориро дар самти кори мактабу маориф дарк намудаанд. Масалан, бо ҳукми суди ноҳияи Тоҷикобод аз 3-юми феврали соли 2021 нисбати Самиев Ҳомид сокини шаҳраки Тоҷикобод дар содир намудани ҷиноят бо моддаи 164 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҷазои ҷарима татбиқ карда шуд. Ӯ ба гирифтани маълумоти ҳатмии асосӣ (9 — сола) –и фарзанди ноболиғаш Раҳматова Сумая монеъ шуда, муддати шаш сол ба дарс рафтан иҷозат надодааст. Ҳол он ки вай мувофиқи сину солаш айни замон бояд хонандаи синфи 6 – ум бошад.

Зимни баррасии парванда муайян карда шуд, ки барои ба таҳсил ҷалб намудани Раҳматова С саривақт аз ҷониби шуъбаи маориф ва муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 1 шаҳраки Тоҷикобод чораандешӣ карда нашудааст.

Барои тақвияти гуфтаҳои боло мисоли дигар меорем. Бо қарори суди ноҳия ба ҳуқуқвайронкунанда Ёфтакова Рисолат Маҳмадуллоевна истиқоматкунандаи деҳаи Қалъаи лаби об дар содир намудани ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ бо моддаи 90 КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷазои маъмурӣ дар намуди ҷарима таъин карда шуд. Ёфтакова Рисолат уҳдадориҳои худро вобаста ба таълиму тарбияи фарзанд иҷро накарда, ҳамчун модар иштироки мунтазами фарзанди ноболиғаш Муштабои Замонҷон хонандаи синфи 5 – уми муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 1 шаҳраки Тоҷикободро назорат накардааст. Дар натиҷа номбурда дар соли хониши 2019-2020 ба мактаб нарафта аз таҳсил дур мондааст. Сабабгори аз таҳсил дур мондани ноболиғ агар аз як тараф бемасъулиятии модари номбурда бошад, аз тарафи дигар аз беаҳамиятиву беназорати масъулини шуъбаи маориф ва мактаби рақами 1 сар задааст.

Ба омӯзгори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии  рақами 18 деҳаи Мазори боло Нусратов Субҳондин Латифович низ ҷазои маъмурӣ дар намуди ҷарима таъин карда шуд. Омӯзгори номбурда саннаи 14- уми апрели соли 2021 бе сабабҳои узрнок ба муассисаи таълимӣ наомада муддати панҷ соат ба хонандагон дарс нагуфта, бо ин кирдораш талаботи моддаи 12 сархати 9 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” ва моддаи 51 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи маориф” – ро вайрон намудааст. Ҳолати мазкур аз он шаҳодат медиҳад, ки масъулини муассисаи таълимии номбурда ба раванди таълим бееътинои зоҳир намуданд.

Максъулини шуъбаи маориф ва муассисаҳои таълимии номбурда аз ҷониби суд барои андешидани чораҳои дахлдор ҷиҳати пешгирӣ ва роҳ надодан бо қонуншиканиҳо огоҳонида шуданд. Дар ҳолати ошкор гардидани ҳолатҳои номбурда вайронкунандагони қонун ба муҷозот кашида хоҳанд шуд.

Кори мактабу маориф кори умумихалқист. Дар ин робита шуъбаи маориф, роҳбарони муассисаҳои таълимӣ, волидайн ва ниҳодҳои давлатию ҷамъиятӣ вазифадоранд барои муназзам ба роҳ мондани раванди таълиму тарбия ва баланд бардоштани сатҳу сифати донишандӯзии хонандагон назоратро пурзӯр намоянд.

Фотеҳ Қувватзода,
судяи суди ноҳияи Тоҷикобод