РИОЯИ ҚОНУН ҲАТМИСТ: БОЯД КАСЕ БЕТАРАФ НАБОШАД

Бо ибтикори мақомоти суди ноҳия дар ҳамбастагӣ бо бахши дин, танзими анъана ва ҷашну маросими мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия дар толори асосии маркази ноҳия бо иштироки раисон ва сармутахассисони танзими ҷамоатҳо, раисони деҳаҳо, имомхатибони масоҷиди ҷомеъ ва панҷавқта, раисони комиссияҳои доимӣ ва ҷамъиятии танзими анъана ва ҷашну маросимҳо, роҳбарони муассисаҳои таълимӣ, фаъолон ҷамъомад доир гардид.

Ҳамоиш ба мавзӯи шарҳу тавзеҳи нуқтаи дахлдори Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон доири иҷрои Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» бахшида шуд.

Ҷамъомадро муовини раиси ноҳия Маҳмадтоҳир Назридоза ҳусни ифтитоҳ бахшида, иброз дошт, ки бо вуҷуди татбиқи амалии Қонунҳои миллии номбурда, моҳҳои охир чанд қонуншиканӣ дар ноҳия ба қайд гирифта шуд, ки муҷиби нигаронии ҷиддӣ гардидааст. Мақсади ҷамъомади имрӯза аз он иборат аст, ки дар якҷоягӣ вазъи ба амаломадаро таҳлил намуда, ҷиҳати ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта чора андешем.

Судяи суди ноҳия Фотеҳ Қувватзода дар мавзӯи мутазаккира бо суханронии муфассал баромад намуда, иброз дошт, ки соли 2008 бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ҷонибдории мардуми бошарафи кишвар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул карда шуд.

Таҷрибаи амалишавии қонун собит сохт, ки дар мамлакат ба маъракаҳои серхароҷот, таассубангезу хурофотпарастӣ хотима бахшида шуда, ҷашну маросим ва маъракаҳо ба низом дароварда шуданд. Дар ин зимн Пешвои муаззами миллат дар Паёмашон аз ҷонибдорӣ ва иҷрошудани қонуни мазкур аз тарафи халқи Тоҷикистон қаноатмандӣ карда, изҳори миннатдорӣ намуданд. Дар шаротими имрӯза, ки бо таъсири пандемияи фарогири COVID – 19 вазъи иқтисодиву иҷтимоии сайёра бо камчин шудани маводи озуқа ва болоравии нархи маҳсулоти ниёзи аввал мураккаб гардидааст, ҳар фарди солимфикрро лозим меояд бо риояи қонун роҳи сарфаву сариштакориро пеш гирифта, ба исрофкорӣ роҳ надиҳад.

-Мутаасссифона ҳолатҳои риоя накардани қонун дар ноҳия мушоҳида мешавад, — иброз дошт дар идомаи суханронӣ Фотеҳ Қувватзода. –Масалан, охири соли 2020 ва аввали соли 2021 дар ноҳия  5 ҳолати вайрон шудани талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»  ба қайд гирифта шуда, аз ҷониби суд баррасӣ гардиданд. Дар Ҷамоати деҳоти Нӯшор 2 ҳолат, Ҷамоати деҳоти Қалъаи лаби об 2 ҳолат ва Ҷамоати деҳоти Лангари шоҳ 1 ҳолат қонуншиканӣ ба вуқуъ пайваста, нисбати вайронкунандагони қонун муҷозот татбиқ гардид.

Бо иддаои судяи суди ноҳия дар қисм деҳаҳо ҳангоми гузаронидани маросимҳои тӯю азо шаҳрвандон ба зиёдаравӣ роҳ дода, маъракаҳои серхароҷот ташкил менамоянд, ҳатто зимни гузаронидани маъракаҳо қарздор мегарданд. Ӯ далелҳое пеш овард, ки баъзе ҳангоматалабон аз бонк ба мақсади зироатпарварӣ қарз гирифта, дар асл маросими тӯю азо гузаронида, ҳоло дар адои қарз ба мушкилот дучор омадаанд.

Ҳол он ки ҳадафи ниҳоии қонун баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум аст. Ходимони дин, раисони деҳа ва фаъолон аз сустфаъолиятии масъулон ва комиссияҳои доимию ҷамъиятӣ истифода бурда, қонуншиканиҳоро мушоҳида кунанд ҳам, бетарафиро ихтиёр менамоянд.

Намояндаи мақомоти судӣ Фотеҳ Қувватзода аз масъулин талаб кард, ки риояи қатъии қонунгузорӣ дар самти танзими анъана ва ҷашну маросим аз ҷониби иштирокдорони ҷамъомад ба диққати тамоми аҳолӣ расонда шавад ва минбаъд нисбати нафароне, ки дидаву дониста даст ба қонуншиканӣ мезананд, гузашт карда намешавад.

Фотеҳ Қувватзода дар мавзӯи амалишавии қонуни дигари миллӣ «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» низ дахл намуда, гуфт, ки дар Паёми имсолаи Сарвари давлат ба масъалаи сифатан беҳтар намудани кори мактабу маориф диққати махсус равона гардидааст. Аз ҷумла, ба мақсади ҳавасмангардонии хонандагон соли дуюм аст, ки дар мамлакат озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор мешавад. Дар Паёми соли гузаштаи Президент солҳои 2020-2040 Солҳои омӯзиш ва рушди фанҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ эълон гардиданд. Дар Паёми имсола Президенти маҳбуби кишвар ба хотири боз ҳам бештар ба омӯзиши илмҳои риёзиву дақиқ ва табиӣ ҷалб кардани наврасону ҷавонон эълон доштанд, ки ҳамасола озмуни ҷумҳуриявӣ зери унвони «Илм-фурӯғи маърифат» гузаронида шавад.

Мутаассифона, ду соли охир талаботи қонуни мазкур низ ба таври бояду шояд дар ноҳияамон иҷро намегардад. Бахусус давомоти номунтазами хонандагон ба дарсҳо, риоя нагардидани либоси расмии муқарраргардида, оворагардии наврасон, машғули бозӣ  гардидани онҳо дар ҷойҳои ба саломатӣ хатарнок ва ғайримуқаррарӣ ташвишовар гардидааст.

Барои тақвияти гуфтаҳои боло судя ду ҳодисаи аз таҳсил дур мондани хонандагонро дар муассисаи таълимии рақами 1 шаҳраки Тоҷикобод гунаи мисол овард, ки волидайн бо талаботи қонунгузорӣ ба ҷавобгарӣ кашида шуданд.

Дар хотимаи суханронӣ Фотеҳ Қувватзода ба нуктаҳои Паём аз авҷ гирифтани фаъолияти норавои созмонҳои террористиву экстремистӣ ишора намуда, қайд кард, ки ҳоло дар сомонаҳои иҷтимоӣ барои ноором сохтани вазъият дар ҷомеа, тафриқаандозӣ, барангехтани низоъ хоинони миллат васеъ истифода мебаранд. Аз ин нуқтаи назар фаъолонро лозим аст байни омма корҳои ташвиқотиро пурзӯр намоянд.  Ин қабил носипосон ва ватанфурӯшон пешравӣ ва рушди ватани азизамонро нодида гирифта, мехоҳанд бо ҳар роҳу восита ба тафаккур ва ҷаҳонбинии ҷавонон таъсири манфӣ расонанд.

Мудири бахши дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия Хайрулло Миршоев оиди риояи қатъии корҳои пешгирикунанда ба паҳншавии бемории коронавирус дар масҷидҳо, ба Ватан баргардонидани шаҳрвандони ноҳия, ки дар мамолики хориҷӣ солҳои пеш барои таълимоти исломӣ рафта барнагаштаанд, пурзӯр намудани фаъолияти комиссияҳои доимӣ ва ҷамъиятӣ дар самти танзими анъана ва ҷашну маросимҳо назари хешро баён доштанд.

Муовини раиси ноҳия Маҳмадтоҳир Назризода аз фаъолияти нокифояи комиссияҳои доимӣ ва ҷамъиятӣ, сармутахассисони танзим дар ҷамоатҳо, раисони деҳаҳо, ходимони дин дар самти танзими ҷашну маросимҳо шадидан интиқод ба амал оварда, ҷиҳати вусъати корҳои оммафаҳмонӣ дастур дод ва иҷрои муқаррароти қонунро барои ҳар як шаҳрванд ҳатмӣ донист. Таъкид дошт, ки дар акси ҳол қонунгузорӣ барои вайронкунандагони қонун муҷозоти вазнин пешбинӣ намудааст.

Ниҳодҳои дахлдор вазифадор гардиданд корҳои фаҳмондадиҳиро байни мардум васеъ ба роҳ монда, минбаъд қонуншиканиҳо саривақт пешгирӣ карда шаванд.

Фотеҳ Қувватзода,
судяи суди ноҳияи Тоҷикобод