ТАНЗИМ БАРАКАТИ ЗИНДАГӢ

Мусаллам аст, ки мардуми шарифи Тоҷикистон мисли дигар миллатҳо соҳибтамаддун буда, дорои таърихи ғанӣ мебошанд, ки дар тӯли таърих расму оин ва анъанаҳои хосеро пазируфтаанд. Вобаста ба шароити табиӣ, вазъи иҷтимоию иқтисодӣ ва сиёсӣ, тарзи зиндагӣ ба ҳаёти гузашта, имрӯз ва оянда дар бунёди оилаи солим, ҷомеаи солим ва ҳамчунин пешрафти ободонию созандагии кишвар ҳар фардро зарур аст, қазоват намояд ва баҳри беҳтар намудани сатҳи зиндагӣ аз исрофкориҳо даст кашад. Албатта, исрофкорӣ ба оила, ҷомеа, давлат харобиҳои зиёдро меоварад, мо ки онҳоро нодида гирифта, ҳеҷ гоҳ таҳлилу таҳқиқ намекунем.

Яке аз омилҳои пешрафти  давлату миллатҳои Аврупо сарфакорона истифода бурдани даромад ва  даст назадан ба харҷҳои беҳуда мебошад. Дар давлатҳои хориҷ ҳамаи аъзоёни оила дар алоҳидагӣ кору фаъолият карда, фоида ба даст меоваранд ва вақташонро беманфиат намегузаронанд. Инчунин дар як рӯз чанд динор даромад кардаю чанд дирами онро харҷ мекунанд, медонанд. Мо бошем, баръакси онҳо даромади кам ва хароҷоти зиёд дорем.

Бояд ҳар як фард новобаста аз шахсияташ ба ҳамин ду калима фоида ва зиён дар ҳар гуна коре, ки ният мекунад андеша карда, таҳқиқот намояд. ҳоло ба исрофкории зиёдатии маросиму маъракаҳои серхароҷот ва миёншикан  таваҷҷуҳ зоҳир менамоем.

Албатта, ин барои ҳар яки мо ниҳоят зарур аст, аз ниёгонамон ва бузургон омадааст, ки исрофкорӣ ва харҷҳои беҳуда кардан ба хонадон мушкилию бадбахтиҳои зиёдро меоварад ва зиндагии гуворои осудаҳолонаамонро ба талхиҳо мубаддал менамояд.

Қабули қонуни миллӣ, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» саривақтӣ буда, мардуми оқилу бо фарҳанги кишварамон аллакай дарк карданд, ки он ҳама харҷҳои беҳуда дар ҷашну маросимҳоямон на барои хушнудии офридгор, балки аз барои ҳавою ҳавас, риё ва нуфуз ва худнишондиҳӣ дар назди омма, ҳамчун шахси доро пиндоштани худ мебошанд. Як қисми шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муҳоҷирати меҳнатӣ дар давлати Русия мебошанд, бо азобу машаққатҳои зиёд маблағ ҷамъ оварда, барои гузаронидани як маросим (тӯй ва дигар маъракаҳо) харҷ карда, худашонро қарздор менамоянд.

Ин ҳолат ба ин оварда мерасонад, шахс, ки аз бонкҳо бо фоиз қарз гирифта, бо ин роҳ ба пешрафти иқтисодии оилааш зиён меоварад. Аз қабули қонуни мазкур 16 сол сипарӣ шуд, ҳарчанд ин муҳлат барои таърих тӯлонӣ набошад ҳам, дар ин муддат қонун аз имтиҳони ҷиддии ҳаёт гузашт. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки қонуни номбурда барои ба танзим даровардани харҷҳои миёншикан ҷавобгӯй мебошад. Метавон гуфт, ки ин қонун мақсаду мароми аҳли ҷомеа буда, баҳри беҳдошти сатҳи некуаҳволи  мардум мусоидат менамояд.

Ҳарчанд ба таври ҷиддӣ ва пурра аз тарафи аҳолии кишвар меъёрҳои он риоя нагарданд ҳам, аммо исрофкорӣ, таассубкорӣ, риёкорӣ, зиёдаравӣ аз байн рафта истодааст. Агар мо ба як хароҷоти маросими туй диққат диҳем, бисёр зиёдаравиҳоро мушоҳида мекунем ва бояд тазаккур дод, ки хароҷотҳо барои оила манфиатовар намебошанд. Баръакс ҳамаи харҷҳои беҳуда боиси косташавии буҷети оилаи ҳар як фард мегардад.

Иброз намудем, ки аз рӯзи қабули қонуни мазкур зиёда аз 16 сол сипарӣ шудааст, вале то ҳол шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қонунвайронкунӣ роҳ медиҳанд. Далели ҳолати мазкур он аст, ки дар чор моҳи аввали соли 2023 ба суди ноҳияи Тоҷикобод ҳамагӣ як адад парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ бо моддаи 481 КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид гардида буд, аммо дар чор моҳи соли 2024 ба суди ноҳия дувоздаҳ адад парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ бо моддаи 481 КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид шуд, ки ёздаҳ адад нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта зиёд аст.

Мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони аҳли ҷомеа ва ходимони дини кишвар, ки санаи 9 марти соли 2024 баргузор гардид, ҳар яки моро водор месозад, ки баҳри пешгирии таассубкорӣ, риёкорӣ, зиёдаравӣ мубориза бурда, қонуншиканиҳоро дар ин самт пешгирӣ намоем.

Талабшоҳ Садриддинзода,
Судяи суди ноҳияи Тоҷикобод