ТАНЗИМ БАРАКАТИ ЗИНДАГӢ ВА Ё ДАР МАСИРИ “ФОИДА” ВА “ЗИЁН”

Қонуни миллӣ, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” танҳо ба хотири манфиати аҳолӣ, боло бурдани сатҳи некуаҳволии омма нигаронида шудааст, ки бо ташаббуси Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қабул гардида,  аз муҳлати амали он 15 сол сипарӣ шуд.

Аз баракати татбиқи қонуни мазкур сатҳи иқтисодиву иҷтимоии сокинони кишвар баланд рафт ва ҷиҳати беҳтару хубтар гузаштани зиндагӣ тағйироти назаррас ба амал омад. Имрӯз дар ноҳияи Тоҷикобод аксарияти мардум аз баракати ин қонун баҳраманд гардидаанд. Бо як сухан санади мазкур ба зоҳирпарастӣ хати батлон кашид.

Аммо аҳён-аҳён мушоҳида мешавад, ки то ҳол баъзе афрод асири худнамоӣ гардида, дар баргузор намудани ҷашну маъракаҳо ба зиёдаравӣ роҳ медиҳанд. Ин қабил ашхос ба қонуншиканӣ роҳ дода, дар сурати ошкор гардиданашон аз ҷониби мақомоти дахлдор муҷиби ҷазо мегарданд, аз ҷониби дигар ба буҷети оилаашон зиён меоваранд.

Исрофкорӣ ба оила, ҷомеа ва давлат харобиҳои зиёд меоварад. Яке аз омилҳои пешрафти давлатҳои мутараққии олам сарфакорона истифода бурдани даромад ва даст назадан ба харҷи беҳуда мебошад. Ба таври дигар гӯем, шаҳрвандони ин давлатҳо дар як рӯз чанд динор даромад кардану чанд дирами онро харҷ карданро медонанд.

Аз панду ҳикматҳои ниёгон, фармудаҳои дини мубини ислом оиди маззамати исрофкориву зиёдаравӣ бояд истифода кард. Фармудаи Қуръони маҷид аст, ки “Исроф макунед, Худованд исрофкоронро дӯст намедорад”. Мисраъҳои байти Саъдии Шерозӣ шиорест, ки имрӯз мардумро аз харҷи беҳуда бояд нигоҳ дорад:

Ба дахлу харҷи худ ҳар дам назар кун,

Чу дахлат нест, харҷ оҳистатар кун.

Баъзан ба ҳодисаҳое вомехӯрем, ки  муҳоҷирони меҳнатӣ бо азобу машаққатҳои зиёд маблағ ҷамъ оварда, бо баргузор намудани ин ё он ҷашн ё маросим онро харҷ менамоянд ва ҳатто қарздор мешаванд. Ва ё аз бонкҳо бо фоиз қарз гирифта, худашонро қарздор ва бо ин роҳ ба пешрафти иқтисодии оилаҳояшон зиён оварда, муфлис мегарданд.

Замони пуртазоди имрӯза, ки дар олам нобасомониҳои зиёд овардааст талаб менамояд ҳар шаҳрванд фарҳанги рӯзгордориашро ба замона мутобиқ сохта, аз ҳар гуна ҳавою ҳавас, риёкорӣ, хурофотпарастӣ, худнамоию зиёдаравӣ даст кашида, зиндагии солимро ихтиёр намояд. Дар ин маврид риояи бечунучарои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” роҳнамоест, ки зиндагии бошууронаю босаодатро таъмин менамояд.

 

Т.Садриддинзода,
судяи Суди ноҳияи Тоҷикобод