ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ПОЯИ СУЛҲ АСТ

                                                                                                                 Ба истиқболи Рӯзи Ваҳдати миллӣ

Имсол ба қабули Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ, ки 27 июни соли 1997 дар шаҳри Маскав ба имзо расид, бисту шаш сол пур мешавад.

Сармеъмори кохи бегазанди сулҳи Тоҷикистон Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эътироф гардидааст. Сарвари он давра ҷавони давлати тоҷикон бо ибрати шахсӣ, бо нотарсию далерӣ, сабурию дурандешӣ ва накухоҳию ҷавонмардӣ роҳнамои халқ ба ҷодаи сулҳу салоҳ ва ваҳдат шуд. Дар тӯли панҷ сол Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки имрӯз барҳақ ва арзанда Пешвои миллатамон мехонем, ҷон ба каф гирифта, тавассути гуфтушунидҳо, сафарҳо, вохӯриҳо бо мухолифин рӯзи саиди Сулҳи миллатро аз орзу ба воқеият табдил дод.

Имрӯз ҳар қадар, ки аз 27 июни соли 1997 фосила гирем, ба ҳамон андоза нақш ва аҳамияти сулҳи баста меафзояд. Дар ҷаҳони пуртазод ва пурихтилофи имрӯза, ки аксар кишварҳои даргир аз нооромиҳои дохилӣ борҳо сулҳ баставу борҳо ҳам шикастаанд, сулҳи тоҷикон бо пойдориаш беҳтарин таҷриба ва арзишмандтарин дастоварди на танҳо Тоҷикистон, ҳатто Созмони Милали Муттаҳид ва ҷомеаи башарӣ дониста мешавад, ки то имрӯз аз ҷониби бисёр доираҳои сиёсӣ ба хотири татбиқ дар дигар минтақаҳои ошубзада мавриди истифода қарор гирифтааст.

Баъди тантанаи сулҳу ваҳдат дар кишварамон шароит фароҳам омад, ки иқтисодиёти ба таназзулрафта аз нав ба по гузошта шавад, рӯзгори мардум беҳбудӣ ёбад, ҷумҳурии азизамон ба шоҳроҳи пешрафту тараққиёт ворид гардад, мардум дар як фазои озод ва боварӣ ба фардои дурахшон ҳаёт ба сар баранд. Ба қавли Пешвои миллат «Раванди сулҳи тоҷикон рӯйдоди душвор вале муҳими сиёсӣ буд, ки киштии давлатдории тоҷиконро аз ғарқшавӣ наҷот дод».

Бо андешаи коршиносон маҳз «Асноди ниҳоии сулҳ дар кишвари мо ба оғози давраи нави таърихӣ асос гузошт». Давраи нав давраи расидан ба сулҳу ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон аст.

Мо бояд ба қадри сулҳу ваҳдат, ки миллату давлатро муттаҳид месозад, на танҳо бирасем, балки онро дар роҳи шукуфоии бештари Ватани азизамон ҳифз карда тавонем. Танҳо бо роҳи ваҳдат, худшиносӣ, якдигарфаҳмӣ истиқлоли кишварро муҳофизату пойдор ва ягонагии мардумро устувор карда метавонем. Дар ҳақиқат Ваҳдати миллӣ шукуфоии Ватан аст, зеро дар давлате, ки сулҳу амонӣ ва дӯстӣ ҳукмфармост, он давлат рӯз то рӯз инкишоф ёфта, рушд менамояд.

Т. Садриддинзода,
судяи Суди ноҳияи Тоҷикобод