ВАҲДАТИ МИЛЛӢ. СУТУНИ БИНОИ САОДАТИ МИЛЛАТ

Имсол аз имзои Созишномаи истиқрори сулҳ ва созгории миллӣ, ки кишвари моро ба марзи ваҳдату ҳамдилӣ расонд, 28 сол сипарӣ мешавад. Ва табиист, ки ҳар қадар мо аз ин санаи таърихӣ дур меравем, ҳамон қадар арзиши ин ҳуҷҷати тақдирсоз боло рафта, дар вазъи печидаву мураккаби ҷаҳони имрӯз аҳамияти сулҳу ваҳдати миллӣ, ки ҳосили талошҳои хастанопазири Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, бештар мегардад.
Воқеан, таърих гувоҳ аст, ки истиқрори сулҳу ваҳдати миллӣ, рушди муназзам ва эътибори сатҳи ҷаҳонии кишвари мо дар партави сиёсати оқилона ва заҳматҳои шабонарӯзии Президенти маҳбуби кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омада, бояд таҳкими ҳамаи ин дастовардҳо рисолати ватандории ҳар яки мо шинохта шавад.
Ҳоло агар мо ба гузаштаи начандон дури худ, яъне оғози истиқлоли давлатӣ назар андозем, хоҳем дид, ки Сарвари давлат бо чи заҳматҳои сангин ва қимати ҷони хеш аркони давлатдориро бунёд гузошта, саодати миллиро таъмин сохтанд. Маҳз ҷасорати бемислу азхудгузаштанҳои ин чеҳраи тобноки таърих буд, ки нақшаву барномаҳои махуфи душманони миллати тоҷик ҷиҳати аз байн бурдани ягонагии давлати соҳибистиқлол нақше дар об шуд ва миллати сарафроз дигарбора ба маснади таърихии худ баргашт.
Дар ин росто набояд фаромӯш кард, ки воқеаҳои фоҷеабори солҳои аввали истиқлоли давлатӣ ҳосили тарҳу барномаҳои аъзои ҳамин ташкилот бо ҳидояти хоҷагони хориҷиашон буд. Аз ин рӯ, набояд дар баробари ҳадафҳои муғризонаи ин гурӯҳ дар ғафлат монд, балки дар атрофи сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат бештар муттаҳид гардида, дар ҳифзи арзишҳои сулҳу ваҳдати миллӣ, таҳкими неъматҳои истиқлоли давлатӣ камари ҳиммат баст.
Тақозои ин амр, яъне гиромӣ доштани арзишҳои сулҳу ваҳдати миллӣ, тақвияти дастовардҳои истиқлоли давлатӣ дар шароити кунунӣ басо муҳим аст, зеро гурӯҳҳои фурсатталаб ҳанӯз дар камин ҳастанд ва талош доранд, ҳадафҳои нопоки худро пиёда созанд. Дар чунин вазъ, ҳамон тавре ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониҳояшон таъкид месозанд, ҳеҷ гоҳ набояд ҳушёриву зиракии сиёсиро аз даст диҳем, балки раванди воқеоти минтақаву ҷаҳонро дуруст ташхис намуда, фирефтаи ҳеҷ як гурӯҳу ҷараёнҳои номатлуб нагардем. Танҳо дар ин сурат пояҳои сулҳу ваҳдати миллӣ маҳкаму пойдор монда, Тоҷикистони азиз таҳти сарварии Роҳбари оқилу хирадпешаи худ ва иттиҳоду ҳамбастагии мардум ба фатҳи уфуқҳои боз ҳам тозаи рушд хоҳад расид.
Ғозибек САФАРЗОДА,
раиси суди ноҳияи Тоҷикобод