ГУФТОР АЗ АЪМОЛИ НОПИСАНДИ СЕ ҶАВОНИ ЯК ДЕҲА

Чанде пеш дар маҷлиси ошкорои судӣ парвандаи аъмоли се нафар ҷавонони деҳаи Сабзазори ҷамоати деҳоти Лангари шоҳ Диловари Хайрулло, Муҳаммад Асроров ва Абдураҳим Нуруллоев, ки ба ҷурми дуздии молу мулки шаҳрвандон мутаҳҳам мешаванд, баррасӣ ёфт.

Ин се нафар ба ҷои меҳнати ҳалол амали нанговари дуздиро афзал шуморида, дар ниҳоят ба шаъну эътибори худ, волидайну наздикон доғ оварданд. Таассуфовар он аст, ки нафари сеюмӣ Абдураҳим Нуруллоев ҳоло ноболиғ буда, дар синфи 11 – и муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 15 таҳсил дорад, ба доми макри Диловар ва Муҳаммад ғалтида, дар амалиётҳои дуздӣ ширкат варзидааст.

Диловари Хайрулло саркардаи ин гурӯҳ аст. Аввал дар танҳогӣ ба мақсади дуздӣ ба манзили ҳамдеҳааш Бурҳонов Муродалӣ шабохун зад. Аз беназоратӣ ва набудани атрофиён истифода бурда, аз бинои ёрирасони хонаи Бурҳонов Муродалӣ як адад дастгоҳи оҳанбурӣ (баргалка)-ро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб зад.

Аз дуздии аввал Диловар шерак шуда, тахминан моҳи октябри соли 2020 барои анҷом додани боз як амалиёти дуздӣ нақшаи нав кашид. Ин дафъа ноболиғ, ҳамсояаш Абдураҳим Нуруллоевро ба ҷинояти дуздӣ ҷалб намуда, ба манзили писари ҷабрдидаи аввал Бурҳонов Муродалӣ, Бурҳонов Раҳмон дохил шуда, аз бинои ёрирасони ӯ корбюратори мототсиклро кушода гирифтанд.

Аз афташ ҳамдеҳаашон Муҳаммад Асроров аз амалиётҳои дуздии «устод»- у «шогирд» огоҳ буд, ки ба Абдураҳим суроғаи хонаи Умаров Рустамро дода, аз мавҷуд будани аккумулятори  «КАМАЗ» дар саҳни ҳавлиаш хабар дод, ӯро ҳавасманд кард, ки дар сурати дуздида ба хонаи вай овардани аккумулятор як сар заргӯш мукофот хоҳад гирифт. Хайрулло дархости шогирдашро ноиҷро намонда, бо шарикии Абдураҳим  дар лаҳзаи мусоид ба ҳавлии Умаров Рустам ворид шуда, аккумуляторро, ки дар ҳолати корношоямӣ ва зери барфу борон қарор дошт, дуздида оварда ба Муҳаммад месупоранд. Сонитар, Муҳаммад аккумулятори корношоямро ба як шахси ношинос ҳамчун оҳанпора ба ивази 30 сомонӣ фурӯхт.

Дуздони «айёр» — и замони мо Диловару Абдураҳим чун дар ду-се рӯз диданд, ки соҳибони баргалка, корбюратор ва аккумулятор аз дуздидани амволашон парво надоранд, далертар гардида, даст ба дуздии боз калонтар заданд. Ҳар ду бе пушт-пушт боз ба хонаи беодами Бурҳонов Муродалӣ ворид шуда, аз дохили ҷевони либосворӣ, аз ҷайби рости костюми ӯ 5000 (панҷ) ҳазор сомониро ба киса зада аз барори корашон табли шодӣ заданд.

Аммо паи ҳам дар деҳаи Сабзазор сар задании дуздиҳо боиси ташвиши сокинон гардид ва дар ниҳоят кормандони ШВКД – и ноҳия ҷиноятҳои содиршудаи дуздиро ошкор намуда, гумонбаронро дар шахси се нафари номбурда ошкор намуданд.

Дар мурофиаи судӣ ҳамаи далелҳои шайъӣ баррасӣ ёфта, гуноҳи айбдорон дайн гардид. Ба хотири он ки содиркунандагони ҷиноят ҳанӯз ҷавонанд, ҳатто як нафари онҳо ноболиғ аст, ҳар се аз ҷои зист тавсифномаи мусбат доранд, зарари расондаро пурра барқарор намудаанд, ҳамчунин ҷабрдидаҳо нисбаташон даъво надоранд, аз кирдори худ сидқан пушаймонанд, дуи аввал дар тарбияашон кӯдакони хӯрдсол доранд, суд бо дастрасии санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқии амалкунанда ҳолатҳои сабуккунандаи ҷазоро нисбаташон татбиқ кард.

Дар асоси моддаи 71 қисми 1 ва моддаи 165 қисми 1- и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Диловари Хайрулло ва Асроров Муҳаммад ҷазо дар намуди маҳрум сохтан аз озодиро шартан татбиқ намуда, ба онҳо 1 (як) сол муҳлати санҷишӣ муқаррар карда шуд. Ба зиммаи онҳо вазифаҳои муайян, аз ҷумла иваз накардани ҷои истиқомати доимӣ, нарафтан ба ҷойҳои муайян барои кор ё таҳсил бидуни огоҳ кардани мақомоте, ки рафтори онҳоро назорат мекунад, гузошта шуд.

Ба ноболиғ Нуруллоев Абдураҳим ҷазо дар намуди корҳои ҳатмӣ ба муҳлати 100 (сад) соат берун аз вақти таҳсил ё корҳои асосӣ бо давомнокии се соат дар як рӯз таъин карда шуд.

Таҳлили ҳамаҷонибаи кирдори содирнамудаи маҳкумшудагон нишон медиҳад, ки ҷиноятҳо дар натиҷаи паст будани маърифати ҳуқуқӣ, бетарафию бетафовутии волидайну аҳли ҷамоатчигӣ, муассисаи дахлдорӣ таълимӣ, ниҳодҳои дахлдори давлатӣ сар задаанд. Барои минбаъд роҳ надодан ба ҷиноятсодиркунии ҷавонон бояд ҳамагон худро масъул шуморанд, вагарна пушаймонӣ суд надорад.

Сафарзода Ғозибек Солиҳ,
Раиси суди ноҳияи Тоҷикобод