Маркази матбуот (Page 2)

Маркази матбуот

Аслан мафҳуми ваҳдат ё ваҳдати миллӣ барои миллати тоҷик пас аз касби Истиқлоли давлатӣ ва, махсусан баъди имзои Созишномаи истиқрори Сулҳ ва созгории миллӣ дар соли 1997,  аҳамияти хосса пайдо кард. Ваҳдат барои як миллат ва як ҷомеа ба ҳадде зарур аст, ки метавон гуфт бе доштани он ҳеҷ миллат ва давлате наметавонад ба камоли […]
Аз толори суд Дар таҷрибаи судӣ баъзан ба парвандаҳое сару кор мегирем, ки баъди таҳлили ҳамаҷониба аён мегардад ҷавобгар бинобар надонистани моҳияти қонун, яьне паст будани маърифати ҳуқуқӣ ҷиноят содир намудааст. Аммо дар моддаи 42-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон меъёри зерин эълон гардидааст: «Надонистани қонун ҷавобгариро истисно намекунад». Ин меъёр маънои онро
Бо назардошти воқеиятҳои ҷорӣ ва зарурати ҳифзи амният, тақвияти арзишҳо, суннатҳои миллӣ, ба танзим даровардани таълимоти расмии динӣ чанде қабл ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйиру илова ворид гардид. Дар ҳошияи ин тағйироту илова ба қонунгузорӣ, чанд асли муҳим ва қобили мулоҳиза ба назар расид, ки ба андешаи мо барои
Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ аз он ҷиҳат бисёр муҳим ва қобили таваҷҷуҳи бештар арзёбӣ мегардад, ки як навъ дарбаргирандаи фаъолияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тули сӣ соли Истиқлоли давлатӣ дар тамоми соҳаҳо ва вазифаҳо барои панҷ соли оянда, яъне 35-солагии Истиқлоли давлатии кишвари азизамон
Бо ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ соли 1994 дар Тоҷикистон бо роҳи райъпурсии умумихалқӣ аввалин Конститутисияи замони соҳибистиқлолӣ қабул карда шуд. Бо қабули Конститутсияи замони соҳибистиқлолӣ шакли давлатӣ шакли сохти давлатӣ шакли идоракунии давлатӣ ва режими сиёсӣ муайян карда шуд. Мувофиқи моддаи 1-и Конститутсия Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати соҳибихтиёр,
Пас аз ба даст овардани Истиқлолияти давлтии Ватани маҳбубамон мардуми тамаддунофари Тоҷикистон бо роҳи райъпурсии умумихалқӣ соли 1994 аввалин Конститутисияи давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистонро қабул карда, роҳи ояндаи давлату давлатдории худро муайян намуд. Бо қабули Конститутсия шакли давлатӣ шакли сохти давлатӣ шакли идоракунии давлатӣ ва режими сиёсӣ муайян карда шуд.
Дар моддаи 1 – и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст: “Тоҷикистон давлати иҷтимоӣ буда, барои ҳар як инсон шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро фароҳам меорад”. Моддаи 41-и Конститутсия ба ҳуқуқи таҳсил бахшида шуда, он ҷо равшану возеҳ омадааст: “Ҳар шахс ҳуқуқи таҳсил дорад. Таълими умумии асосӣ (манзур 9 — сола) ҳатмист. Давлат таълими умумии
Бо ибтикори мақомоти суди ноҳия дар ҳамбастагӣ бо бахши дин, танзими анъана ва ҷашну маросими мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия дар толори асосии маркази ноҳия бо иштироки раисон ва сармутахассисони танзими ҷамоатҳо, раисони деҳаҳо, имомхатибони масоҷиди ҷомеъ ва панҷавқта, раисони комиссияҳои доимӣ ва ҷамъиятии танзими анъана ва ҷашну маросимҳо, роҳбарони
Аз қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» бештар аз 14 сол сипарӣ гардид. Ба назари мо дар ҷомеа нафаре нест, ки то ҳол ба моҳияти ин қонуни миллӣ сарфаҳм нарафта бошад. Мақсади ниҳоии ин қонун ҳам аз ҳимояи иҷтимоии шаҳрвандон иборат буда, риояи он ба беҳтар гардидани […]
Чанде пеш дар маҷлиси ошкорои судӣ парвандаи аъмоли се нафар ҷавонони деҳаи Сабзазори ҷамоати деҳоти Лангари шоҳ Диловари Хайрулло, Муҳаммад Асроров ва Абдураҳим Нуруллоев, ки ба ҷурми дуздии молу мулки шаҳрвандон мутаҳҳам мешаванд, баррасӣ ёфт. Ин се нафар ба ҷои меҳнати ҳалол амали нанговари дуздиро афзал шуморида, дар ниҳоят ба шаъну эътибори худ, волидайну наздикон